>

Маркази тарҷумаи Равод — 458

38:84 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [сухани Ман] ҳақ аст ва ҳақро мегӯям

38:85 Қатъан, ҷаҳаннамро аз ту ва ҳар ки аз ту пайравӣ кунад, анбошта хоҳам сохт»

38:86 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам ва фиребкор нестам [ва ба дурӯғ иддаои нубувват намекунам]»

38:87 Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест

38:88 Ва қатъан, пас аз марг аз хабари [ҳаққоният ва ростии] он огоҳ хоҳед шуд

39:1 Нузули ин китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст

39:2 Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун

39:3 Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ таоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ таоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ таоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард

39:4 Агар Аллоҳ таоло мехост фарзанде баргузинад, аз миёни офаридагони худ ҳар чи мехост, бармегузид. Ӯ муназзаҳ [аз ин нисбатҳо] аст ва Ӯст Аллоҳи ягонаи пирӯзманд

39:5 Осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офарид. Шабро бар рӯз мегустуронад ва рӯзро бар шаб ва хуршеду моҳро дар хидмат [-и шумо] гумошт, ки ҳар як то саромади муайяне равон аст. Огоҳ бошед! Ӯ шикастнопазири омурзгор аст