Маркази тарҷумаи Равод — 457
38:62 [Дузахиёни мутакаббир] Мегӯянд: «Чаро касонеро, ки [дар дунё] дар зумраи ашрор мепиндоштем, [дар дузах] намебинем?
38:63 Оё [бе ҷиҳат] ононро, ки тамасхур мегирифтем ё [ин ҷо ҳастанд ва] чашмон [-и мо] бар эшон намеафтад?»
38:64 Ин муҷодалаи аҳли оташ қатъан рост аст
38:65 [Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳи ягонаи пирӯзманд нест
38:66 Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. [Он] Шикастнопазири омурзанда»
38:67 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ин [Қуръон] хабаре бузург аст,
38:68 шумо аз он рӯйгардонед
38:69 [Агар ба ман ваҳй намешуд] Аз олами болотар он гоҳ, ки фариштагон [дар мавриди офариниши инсон] ҷидол мекарданд, ҳеҷ иттилое надоштам
38:70 Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае ошкорам»
38:71 [Ёд кун аз] Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башаре аз гил меофаринам
38:72 Он гоҳ ки ӯро сомон додам ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамидам, дар баробараш саҷда кунед»
38:73 Пас, [чун Одам халқ шуд] фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
38:74 Магар Иблис, ки такаббур варзид ва кофир шуд
38:75 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чи чиз муҷиб шуд, ки дар баробари он чи ба дастони худ офаридаам, саҷда накунӣ? Оё такаббур варзидӣ ё бартариҷӯӣ кардӣ»?
38:76 Гуфт: «Ман аз ӯ бартарам: Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил»
38:77 Аллоҳ таоло фармуд: «Аз биҳишт берун шав, ки ту [манфуру] рондашудаӣ
38:78 Ва лаънати Ман то рӯзи қиёмат бар ту хоҳад буд»
38:79 [Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, пас то рӯзе, ки [бандагонат] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ»
38:80 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Муҳлат хоҳӣ дошт
38:81 То [рӯзи қиёмат] он вақти муайян»
38:82 [Иблис] Гуфт: «Ба иззатат савганд, ки ҳамаи ононро гумроҳ хоҳам кард
38:83 Магар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»