>

Маркази тарҷумаи Равод — 456

38:43 Ва хонаводаашро [ки аз даст дода буд] дучанд ба вай бахшидем, то [нишонаи] раҳмате аз ҷониби Мо ва андарзе барои хирадмандон бошад

38:44 Ва [ба ӯ фармон додем] «Дастае аз шохаҳо [-и борикро] баргир ва бо он [ҳамсаратро] бизан ва савгандатро [ки дар ҳангоми хашм ёд карда будӣ] нашикан. Бе тардид, ӯ марди шикебое буд. Чи неку бандае! Ба ростӣ, ки ӯ бисёр тавбакор буд

38:45 Ва [эй паёмбар] аз бандагони Мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, ки тавонманду бобасират буданд

38:46 Мо бо [мавҳибати] ёди охират ба онон хулуси вижае бахшидем

38:47 Онон дар пешгоҳи Мо некмард ва баргузида буданд

38:48 Ва [низ] ёд кун аз Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифл, ки ҳамагӣ аз некон буданд

38:49 Ин [Қуръон] пандест ва бе гумон, парҳезгорон [дар биҳишт] манзилгоҳе неку хоҳанд дошт

38:50 Боғҳое ҷовидон, ки дарҳояш ба рӯяшон кушодааст

38:51 Он ҷо, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд, дастури меваҳои фаровон ва нӯшиданӣ медиҳанд

38:52 Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд ва [ҳамагӣ] ҳамсин ҳастанд

38:53 Ин ҳамон неъматҳоест, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда дода мешавад

38:54 Ин ризқу рӯзӣ аз ҷониби Мост, ки ҳаргиз [қатъ намешавад ва] поён намепазирад

38:55 Ин [подоши парҳезкорон] аст ва саркашон бадтарин бозгаштро доранд

38:56 [Ҳамон] Дузах, ки дар он ворид мешаванд ва чи бад қароргоҳе аст!

38:57 Ин [муҷозот] оби ҷӯшон ва хунобаи чирколудест, ки бояд аз он бичашанд

38:58 Ва ҷуз инҳо кайфарҳои гуногуни дигаре ҳаммонанди он доранд

38:59 [Ба раҳбарони дузахӣ гуфта мешавад] «Ин гурӯҳ низ ҳамроҳи шумо [ба дузах] дармеоянд». [Онон посух медиҳанд] «Хуш омад бар онон мабод! Чаро ки ба оташ дармеоянд»

38:60 [Пайравон] Мегӯянд: «Балки, шуморо хушомад мабод, ки ин [азоб]-ро пеши пойи мо ниҳодед. Пас, [дузах] чи бад қароргоҳе аст»!

38:61 [Сипас] Мегӯянд: «Парвардигоро, ҳар кас, ки ин [азоб]-ро барои Мо фароҳам кардааст, азобашро дар оташ дучанд кун»