>

Маркази тарҷумаи Равод — 455

38:27 Мо осмон ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони кофирон аст. Пас, вой бар кофирон аз оташи дузах!

38:28 Оё касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, монанди касоне ба ҳисоб меоварем, ки дар замин табаҳкорӣ кардаанд? Оё парҳезкоронро монанди бадкорон ба ҳисоб меоварем?

38:29 [Эй Муҳаммад, ин Қуръон] Китобест пурбаракат, ки бар ту нозил кардем, то [мардум] дар оёташ биандешанд ва хирадмандон панд гиранд

38:30 Мо Сулаймонро ба Довуд ато кардем, неку бандае буд ва ҳамвора [ба даргоҳи Парвардигораш] тавба мекард

38:31 [Ёд кун] Он гоҳ ки асргоҳон аспҳои асил [ва тундпо] барояш оварданд

38:32 [Сулаймон саргарми тамошои аспҳо шуд ва вақти намоз гузашт.] Он гоҳ гуфт: «Ба ростӣ, ки дӯстии ин аспҳо, маро аз ёди Парвардигорам ғофил кард, то он ки [хуршед] дар пардаи мағриб пинҳон шуд

38:33 [Бори дигар] Онҳоро назди ман бозгардонед». Он гоҳ [ба нишонаи вақф дар роҳи Аллоҳ таоло] ба соқу гардани аспҳо даст кашид

38:34 Сулаймонро озмудем ва ҷасади навзодеро [ки бидуни таваккал бар Аллоҳ таоло муштоқона дар интизори таваллудаш буд] бар тахташ афкандем [то дарёбад, ки қудрат ба тамомӣ дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст]. Он гоҳ [тавба кард ва ба даргоҳи илоҳӣ] бозгашт

38:35 Гуфт: «Парвардигоро, маро биомурз ва ҳукумате ба ман арзонӣ дор, ки пас аз ман беназир бошад, ки бахшоянда Туӣ, Ту»

38:36 Пас, [Мо] бодро дар хидматаш гумоштем, ки ҳар куҷо ирода мекард, ба фармони Ӯ ба оромӣ равон мешуд

38:37 Ва ҳар бинокор ва ғаввосе аз ҷинниёнро [ки мехост, ба фармонаш даровардем]

38:38 Ва [гурӯҳи] дигаре [аз ҷиниён]-ро [ки ҳамагӣ] дар ғулу занҷир буданд, [таҳти султааш] даровардем

38:39 [Ба ӯ гуфтем] «Ин атои Мост, пас, [ба ҳар кас мехоҳӣ] бибахш ва аз ҳар ки мехоҳӣ, боз дор. Ҳисобе бар ту нест»

38:40 Бе тардид, барои Сулаймон дар пешгоҳи худ мақоми воло қарор додем ва [дар охират] бозгаште неку хоҳад дошт

38:41 [Эй паёмбар] Аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки: «Шайтон маро ба ранҷу дард овардааст»

38:42 [Ба ӯ фармон додем] «Пойи худро бар замин бикӯб [то чашмае биҷӯшад]. Ин чашмасоре хунук барои шустушӯ ва ошомиданист»