>

Маркази тарҷумаи Равод — 454

38:17 [Эй паёмбар] Дар баробари гуфторашон шикебо бош ва аз Довуд, бандаи тавонманди Мо ёд кун, ки ҳамвора [бо тавба ва анҷоми кори хайр ба даргоҳи мо] бозмегашт

38:18 Мо кӯҳҳоро ба ӯ ба хидмат гумоштем, ки ҳамнаво бо ӯ шомгоҳон ва бомдодон [Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд

38:19 Ва парандагонро [низ ба хидмат гумоштем], ки гирд меомаданд ва ҳамагӣ мутеаш буданд [ва бо вай дар зикри Парвардигор ҳамовозӣ мекарданд]

38:20 Мо фармонравоиашро устувор намудем ва ба ӯ паёмбарӣ ва каломе файсалабахш ато кардем

38:21 Оё хабари афроде ба ту расидааст, ки барои додхоҳӣ [ба суроғи Довуд омаданд ва] аз девори ибодатгоҳаш боло рафтанд?

38:22 Чун [бидуни иттилоъ] бар Довуд ворид шуданд, аз диданашон ба ваҳшат афтод; онон гуфтанд: «Натарс, мо ду нафари шокӣ [шикояткунанда] ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёнамон ба адолат доварӣ кун ва аз ҳақ дур нашав ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун»

38:23 [Яке аз онон гуфт] «Ин мард бародари ман аст. Ӯ наваду нуҳ меш дорад ва ман як меш дорам ва [ба исрор] мегӯяд: «Он [як меш]-ро ҳам ба ман во гузор» ва дар баҳс бар ман пирӯз шудааст»

38:24 [Довуд] Гуфт: «Мусалламан, ӯ бо хостани меши ту [барои афзудан] ба мешҳои худаш бар ту ситам кардааст ва бисёре аз шарикон [ва ҳамкорон] дар ҳаққи якдигар ситам мекунанд, магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки [онҳо низ] бисёр нодиранд». Довуд [ки бидуни тавзеҳ хостан аз тарафи дигар ҳукм содир карда буд] мутаваҷҷеҳ шуд, ки имтиҳонаш кардаем. Он гоҳ аз Парвардигораш омурзиш хост ва бо фурӯтанӣ ба замин афтод ва [ба даргоҳи илоҳӣ] тавба кард

38:25 Пас, ӯро ба хотири он [хато] бахшидем ва барояш дар пешгоҳи худ мақоме воло қарор додем ва [дар охират] бозгашти некуе хоҳад дошт

38:26 Эй Довуд, мо туро дар замин халифа ва фармонраво қарор додем; Пас, дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва пайрави ҳаво [-и нафс] набош, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунад. Бе гумон касоне, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ мешаванд, ба сазои он ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, азоби шадиде [дар пеш] доранд