>

Маркази тарҷумаи Равод — 453

38:1 Сод.[1] Савганд ба Қуръони пандомӯз [ки Аллоҳ таоло ҳеҷ шарике надорад]

38:2 Аммо кофирон гирифтори таассуб [-у ҷоҳилият] ва ситезанд

38:3 Чи бисёр наслҳои кофирро пеш аз онон ҳалок кардем, ки [дар ҳангоми нузули азоб] фарёд мезаданд, аммо [он замон дигар] ҳангоми наҷот набуд

38:4 Мушрикон аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ карданд ва гуфтанд: «Ин мард ҷодугару дурӯғгӯст

38:5 Оё ба ҷойи маъбудони мухталиф маъбуде ягона қарор додааст? Воқеан, кори аҷибе аст»

38:6 Бузургонашон ба по хостанд [ва ба пайравони худ гуфтанд]: «Биравед ва бар [парастишу ҳифзи] маъбудонатон истодагарӣ кунед. Бе тардид, [Муҳаммад бо] ин кор хостааст [ки шуморо гумроҳ кунад ва худро ба раёсат бирасонад]

38:7 Мо ин [назарияи тавҳид]-ро ҳатто дар оини масеҳият ҳам нашнидаем. Ин сухан ҷуз дурӯғ [чизе] нест

38:8 Оё аз миёни [ҳамаи] мо Қуръон ба ӯ нозил шудааст»? [Чунин нест, ки онон мегӯянд] Балки онон дар [асли] ваҳйи Ман тардид доранд ва ҳанӯз азоби Маро начашидаанд

38:9 Оё ганҷинаҳои раҳмати Парвардигори шикастнопазири бахшандаат наздашон ҳаст?

38:10 Оё фармонравои осмонҳо ва замин ва байни онҳо ҳастанд? [Агар чунин аст] Бо васоил [-у имконоти худ ба осмон] авҷ бигиранд [ва монеи нузули ваҳй гарданд]

38:11 [Ин кофирон] Лашкаре шикастхӯрда аз ҷумла соири гурӯҳҳо [ва аҳзоби мухолифи паёмбарон] ҳастанд

38:12 Пеш аз онон низ қавми Нуҳ ва Од ва Фиръавни соҳибсипоҳ низ [паёмбарони Моро] такзиб карданд

38:13 Қавми Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Айка [қавми Шуайб] низ аз он гурӯҳҳо буданд [ки паёмбаронро такзиб карданд]

38:14 Ҳар як [аз ин гурӯҳҳо] паёмбарон [-и худ]-ро такзиб карданд ва кайфари ман [дар мавридашон] таҳаққуқ ёфт

38:15 Инон фақат бонге саҳмнокро интизор мекашанд, ки ҳеҷ бозгаште надорад

38:16 [Бо тамасхур] Мегӯянд: «Парвардигоро, пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб баҳраи моро [аз азоб] ба шитоб бидеҳ»