Маркази тарҷумаи Равод — 452
37:154 Шуморо чи шудааст? Чи гуна ҳукм мекунед?
37:155 Оё [намеандешед ва] панд намегиред?
37:156 Оё [бар иддаои ботили хеш] далели равшане доред?
37:157 Пас, агар ростгӯед, китобатонро биёваред
37:158 [Мушрикон] байни Ӯ [Аллоҳ таоло] ва фариштагон, хешовандӣ қоил шудаанд; дар ҳоле ки фариштагон ба яқин медонанд, ки [мушрикон рӯзи қиёмат барои ҳисобрасӣ] эҳзор мешаванд
37:159 Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст
37:160 [Мардум дар тавсифи Парвардигор, сухани газоф мегӯянд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
37:161 Пас, шумо [мушрикон] ва он чи мепарастед,
37:162 [ҳаргиз] гумроҳгари [касе аз дини ҳақ] нестед
37:163 Магар он ки [ба тақдири илоҳӣ] аҳли дузах бошад
37:164 Ва [фариштагон мегӯянд]: «Ҳеҷ як аз мо нест, магар он ки мақоми мушаххасе [дар пешгоҳи илоҳӣ] дорад
37:165 Моем, ки [барои парастиш ва ниёиш ба даргоҳи Парвардигор] ба саф истодаем
37:166 Ва бе тардид, моем, ки тасбеҳгӯи [Ӯ] ҳастем»
37:167 Ва [кофирон, пеш аз биъсат] ҳамвора мегуфтанд:
37:168 «Агар китобе аз [китобҳои осмонии] пешиниён наздамон буд,
37:169 яқинан, аз бандагони мухлиси Аллоҳ таоло мешудем»
37:170 Аммо [ҳангоме ки паёмбар бо Қуръон ба сӯяшон омад, ҳаққонияти] онро инкор карданд; пас, ба зудӣ [натиҷаи ин корашонро] хоҳанд донист
37:171 Ва ҳатман суханони Мо дар бораи бандагони фиристодаамон аз пеш содир шудааст
37:172 Онон, ҳатман, аз ҷониби Мо ёрӣ шудаанд
37:173 Ва бе тардид, лашкари Мо пирӯзанд
37:174 Пас, [эй Паёмбар] то муддате аз онон [мушрикон] рӯй бигардон
37:175 Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид
37:176 Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?
37:177 Он гоҳ ки [азоби илоҳӣ] бар хонаҳояшон фуруд ояд, чи бад аст бомдоди ҳушдорёфтагон!
37:178 Ва то муддате аз онон рӯй бигардон
37:179 Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид
37:180 Пок ва муназзаҳ аст Парвардигорат - Парвардигори иззат ва қудрат-аз он чи [мушрикон ба дурӯғ] васф мекунанд
37:181 Ва салом бар паёмбарон
37:182 Ва сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло- Парвардигори ҷаҳониён- аст