>

Маркази тарҷумаи Равод — 451

37:127 Аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва мусалламан, [барои азоб] ҳозир карда мешаванд

37:128 Магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло

37:129 Мо барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

37:130 Салом бар Илёс

37:131 Ба ростӣ, Мо накукоронро чунин подош медиҳем

37:132 Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд

37:133 Ва ҳатман, Лут [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд

37:134 [Ёд кун аз] ҳангоме ки ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем

37:135 Магар пиразане, ки аз боқимондагон [дар азоб] буд

37:136 Сипас дигаронро ҳалок кардем

37:137 Ва шумо [дар сафар ба сарзамини Шом] субҳгоҳон бар [вайронаҳои шаҳрҳои] онон мегузаред,

37:138 ва шабонгоҳ. Оё намеандешед [ва ибрат намегиред]?

37:139 Ва, ҳатман, Юнус [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд

37:140 [Ёд кун аз] ҳангоме ки [ хашмгин аз куфри қавмаш, бидуни иҷозати Парвардигор] ба киштии анбошта [аз мусофир ва бор] гурехт

37:141 Пас, [чун киштӣ дар ҳоли ғарқ шудан буд, Юнус ҳамроҳи мусофирон барои берун андохтани бархе афрод] қуръа андохтанд ва бозанда шуд [ва ӯро ба дарё андохтанд]

37:142 Сипас моҳии [бузурге] ӯро балъид [фурӯ бурд], дар ҳоле ки [худро ба хотири тарки вазифа] сарзаниш мекард

37:143 Пас, агар дар зумраи тасбеҳгӯёни [Парвардигор] набуд,

37:144 Яқинан, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, дар шиками он [моҳӣ] боқӣ мемонд

37:145 Он гоҳ ӯро дар ҳоле ки [заъиф ва] бемор буд ба сарзамини хушк [ва бегиёҳ] афкандем

37:146 Ва бар [сари] ӯ бутаи каду рӯёндем [то аз соя ва меваҳояш баҳра гирад]

37:147 Ва [дубора] ӯро ба сӯйи сад ҳазор нафар ё бештар [ба рисолат] фиристодем

37:148 Пас, онон имон оварданд ва Мо низ то муддате [аз неъматҳои зиндагӣ] баҳрамандашон сохтем

37:149 Пас, аз эшон [мушрикон] бипурс, оё духтарҳо барои Парвардигори ту ва писарҳо барои онҳост?

37:150 Оё Мо фариштагонро духтар офаридем ва онҳо ҳузур доштанд?

37:151 Огоҳ бош! Онон аз [рӯи туҳмат ва] дурӯғгӯӣ

37:152 мегӯянд: «Аллоҳ таоло фарзанд дорад» ва, яқинан, дурӯғ мегӯянд

37:153 Оё [Аллоҳ таоло] духтаронро бар писарон тарҷеҳ додааст?