>

Маркази тарҷумаи Равод — 450

37:103 Пас, чун ҳар ду таслими [фармони Парвардигор] шуданд ва [Иброҳим] ӯро бо гуна [бар хок] ниҳод

37:104 Ба ӯ нидо додем, ки «Эй Иброҳим!

37:105 Яқинан хобатро таҳаққуқ бахшидӣ». Мо накукоронро чунин подош медиҳем

37:106 Бе тардид, ин [хоб] озмоише ошкор буд [ва Иброҳим аз он сарбаланд берун омад]

37:107 Ва [ҷони] ӯро дар баробари қурбонии бузурге бозхаридем

37:108 Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

37:109 Салом бар Иброҳим

37:110 Мо накукоронро чунин подош медиҳем

37:111 Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд

37:112 Ва ӯро ба [таваллуди] Исҳоқ, ки паёмбаре аз шоистагон буд, башорат додем

37:113 [Мо] Ба ӯ ва Исҳоқ баракат додем, ва [бархе] аз афроди дудмонашон накукор буданд ва [бархе дигар] ошкоро нисбат ба хештан ситамгор буданд

37:114 Ва ба ростӣ, бар Мӯсо ва Ҳорун миннат ниҳодем

37:115 Ва он дуро ҳамроҳи қавмашон аз андуҳи бузург [ситами Фиръавн ва хатари ғарқ шудан дар Нил] наҷот додем

37:116 Ва ёриашон кардем, то пирӯз шуданд

37:117 Ва ба он ду китоби равшангар [Таврот] додем

37:118 Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем

37:119 Ва барояшон дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

37:120 Салом бар Мӯсо ва Ҳорун

37:121 Мо накукоронро чунин подош медиҳем

37:122 Бе тардид, он ду бандагони муъмини Мо буданд

37:123 Ва, ҳатман, Илёс [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд

37:124 [Ёд кун аз] Ҳангоме ки ӯ ба қавмаш гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?

37:125 Оё [бути] «Баъл»-ро [ба парастиш] мехонед ва беҳтарин офарандаро раҳо мекунед?

37:126 Аллоҳ таоло [-ро тарк мекунед], ки Парвардигори шумо ва Парвардигори падаронатон аст»