>

Маркази тарҷумаи Равод — 45

2:265 Ва масали касоне, ки амволи худро барои талаби хушнудии Аллоҳ таоло ва ба хотири боваре, ки дар дилҳояшон [ба подоши Аллоҳ таоло] доранд, инфоқ мекунанд, ҳамчун бӯстоне бар теппае аст, ки борони тунде бар он борад ва меваҳояшро дучандон ба бор оварад; ва агар борони тунде ҳам ба он нарасад, борони сабук [низ замини покашро пурсамар месозад]; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст

2:266 Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад, ки аз зери онҳо ҷӯйборҳо [-и гуворо] равон аст ва ҳар гуна мева барояш ба бор меоварад ва [аммо] дар ҳоле ки ба синни пирӣ расида ва фарзандон [-и хурдсол] ва нотавон дорад, ногаҳон гирдбоди оташин дар он занаду [ҳамаи боғ] бисӯзад? [Ҳоли касоне, ки садақаҳои худро бо миннату озор ва риё ботил мекунанд низ чунин аст]. Аллоҳ таоло бад-ин гуна оёт [-и худ]-ро барои шумо равшан месозад; бошад, ки биандешед

2:267 Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки ба даст овардаед ва аз он чи аз замин барои шумо баровардаем, инфоқ кунед; ва ба суроғ [-и моли] нопок наравед, ки аз он инфоқ намоед; дар ҳоле ки худатон ҳозир ба пазируфтанаш нестед, магар бо чашмпӯшӣ [ва бемайлӣ] нисбат ба он; [пас, чӣ гуна чизеро, ки барои худ намеписандед, барои Аллоҳ таоло раво медоред]? Ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст

2:268 Шайтон шуморо [ба ҳангоми инфоқ метарсонад ва] ваъдаи тиҳидастӣ медиҳад ва шуморо ба зиштиҳо [гуноҳ намудан] амр мекунад; вале Аллоҳ таоло аз ҷониби худ ба шумо ваъдаи омурзиш ва афзуни [-и неъмат] медиҳад ва Аллоҳ таоло кушоишгару доност

2:269 [Аллоҳ таоло] Ба ҳар ки бихоҳад, ҳикмат [ростӣ дар гуфтор ва кирдор] медиҳад ва бе тардид, ба ҳар ки ҳикмат дода шавад, хайри фаровоне ато шудааст; ва ба ҷуз хирадмандон [аз оёти илоҳӣ] панд намегиранд