>

Маркази тарҷумаи Равод — 449

37:77 Ва [пас аз туфон, фақат пайравони муъмин ва] хонаводаи ӯро [дар замин] боқӣ гузоштем

37:78 Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем

37:79 Салом [ва ситоиши] ҷаҳониён бар Нуҳ бод

37:80 Ба ростӣ Мо накукоронро, инчунин, подош медиҳем

37:81 Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд

37:82 Он гоҳ дигаронро [ки дар туфон монда буданд] ғарқ кардем

37:83 Ва, ҳатман, Иброҳим аз пайравони ӯ [Нуҳ] буд

37:84 [Ёд кун аз] ҳангоме ки вай бо дили пок [ва холӣ аз ширк] ба [даргоҳи] Парвардигораш омад

37:85 Он гоҳ ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизе мепарастед?

37:86 Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло ин маъбудони дурӯғинро мехоҳед?

37:87 Гумонатон дар бораи Парвардигори ҷаҳониён чист?»

37:88 Сипас нигоҳе ба ситорагон афканд [ва андешид]

37:89 Ва гуфт: «Ман беморам [ва дар ҷашн ширкат намекунам]»

37:90 Мардум ӯро тарк карданд ва рафтанд

37:91 Он гоҳ пинҳонӣ назди бутҳояшон рафт ва [бо тамасхур] гуфт: «Чизе намехуред?

37:92 Шуморо чи шудааст, ки сухан намегӯед?»

37:93 Сипас бо дасти рости худ зарбаҳои [муҳкам] бар онҳо ворид овард [ва ҷуз бути бузург ҳамаро шикаст]

37:94 Пас, қавмаш шитофтанд ва ба сӯйи ӯ омаданд

37:95 [Иброҳим] гуфт: «Оё чизеро, ки худ метарошед, мепарастед?

37:96 Ва ҳол он ки Аллоҳ таоло [ҳам] шумо ва [ ҳам] он чиро анҷом медиҳед офаридааст

37:97 [Вақте бутпарастон аз посух дармонданд] Гуфтанд: «Барояш бинои [баланд] бисозед ва ӯро дар оташ биафканед»

37:98 Пас, барои [нобудии] ӯ найранг хостанд, [вале] Мо ононро паст ва [мағлуб] сохтем [ва оташ бар Иброҳим сард ва беасар шуд]

37:99 Ва гуфт: «Ман ба сӯи [сарзамини дигаре барои ибодати] Парвардигорам меравам ва Ӯ ҳидоятам хоҳад кард

37:100 Парвардигоро, ба ман [фарзанде] аз шоистагон ато кун»

37:101 Мо [дуояшро мустаҷоб кардем ва] ӯро ба таваллуди писари бурдборе башорат додем

37:102 Ва чун [Исмоил] ба [синни навҷавонӣ ва] ҳадди талош [ва ҳамкорӣ] бо ӯ [Иброҳим] расид, ба вай гуфт: Писарам, дар хоб [ба ман ваҳй мешавад ва] мебинам, ки туро забҳ мекунам. Назарат дар ин бора чист?» [Исмоил] гуфт: «Падарҷон, он чиро ки ба ту амр шудааст анҷом бидеҳ. Иншоаллоҳ маро [дар баробари ин фармон] шикебо хоҳӣ ёфт»