>

Маркази тарҷумаи Равод — 448

37:52 [Ӯ пайваста] Мегуфт: Оё ту воқеан [ба қиёмат] бовар дорӣ?

37:53 Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, оё ҳақиқатан [зинда мешавем ва ба хотири корҳоямон] ба мо кайфар медиҳанд?»

37:54 [Сипас, ба дӯстони биҳиштиаш] мегӯяд: «Оё [шумо низ ҳамроҳи ман] сар мекашед [то бидонем ӯ куҷост]?»

37:55 Он гоҳ худи ӯ сар мекашад ва ӯро дар миёни дузах мебинад

37:56 Ба ӯ мегӯяд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки наздик буд маро [бо васвасаҳои куфромезат] нобуд созӣ

37:57 Агар неъмати [ҳидояти] Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагон [дар дузах] будам»

37:58 [Он гоҳ ба биҳиштиён мегӯяд] «Оё мо дигар марге нахоҳем дошт

37:59 ҷуз марги нахустин, ва азоб намешавем?

37:60 Ба ростӣ, ки ин ҳамон комёбии бузург аст

37:61 Аҳли амал бояд барои чунин [подош] бикӯшанд

37:62 Оё ин [неъмати биҳишт, каримонатар ва] барои пазироӣ беҳтар аст ё дарахти зақум [дар дузах]?

37:63 Бе тардид, Мо он дарахтро мояи озмоиши ситамгорони [мушрик] додаем [чаро ки мегӯянд: «Ҳеҷ дарахте дар оташ намерӯяд»]

37:64 Дар ҳақиқат, он [мояи азоб] дарахте аст, ки аз жарфои дузах мерӯяд

37:65 Меваҳояш [чунон бадманзар аст, ки] гӯё сарҳои шаётин аст

37:66 Онон [дузахиён] аз [меваҳои талхи] он мехӯранд ва шикамҳоро аз онҳо анбошта мекунанд

37:67 Он гоҳ рӯи ин [ғизои нопок, ба ҷойи нӯшидани] омезаҳои аз оби ҷӯшон доранд

37:68 Сипас, яқинан, бозгашташон ба дузах аст

37:69 Онон падарони худро гумроҳ ёфтанд

37:70 Ва [ҳамчунон] дар пайи онон мешитофтанд

37:71 Ва, ҳатман, қабл аз онон низ бештари пешиниён гумроҳ шуданд

37:72 Ва бе тардид, Мо миёнашон ҳушдордиҳандагон [-и бисёр] фиристодем

37:73 Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чи гуна буд

37:74 [Ҳама гирифтори азоб шуданд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло

37:75 Нуҳ ба даргоҳи Мо дуо кард ва [Мо] чи наку иҷобаткунанда будем!

37:76 Ва ӯ ва хонаводаашро [бо ҳамроҳи муъминон] аз балои бузурги [туфон] наҷот додем