Маркази тарҷумаи Равод — 447
37:25 [Аз дузахиён мепурсанд] «Чаро [монанди дунё] аз якдигар ҳимоят намекунед?»
37:26 Балки имрӯз [ҳамагӣ] таслим [-и амри Парвардигор] ҳастанд
37:27 Ва сарзанишкунон ба якдигар рӯ меоранд
37:28 [Ва ба роҳбарон ва бузургони худ] мегӯянд: «Шумо [барои ба куфр кашонондани мо бо иддаои дини ростин ва] аз ҷониби ҳақ ба суроғамон меомадед»
37:29 [Роҳбаронашон] Мегӯянд: «Мо муқассир нестем], балки шумо худ имон надоштед
37:30 Ва мо ҳеҷ тасаллуте бар шумо надоштем; балки шумо худ гурӯҳи саркаш будед
37:31 Пас, [акнун] фармони муҷозоти Парвардигорамон бар мо муҳаққақ шуда ва ба ростӣ, мо [ҳамагӣ азоби дузахро] чашандаем
37:32 Пас, шуморо гумроҳ намудем [чаро ки] дар ҳақиқат, худ низ гумроҳ будем»
37:33 Пас, яқинан он рӯз ҳамаи [онон] дар азоб шариканд
37:34 Бе тардид, Мо бо гунаҳкорон инчунин [рафтор] мекунем
37:35 Онон буданд, ки чун ба эшон гуфта мешуд: «Маъбуде [барҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест» саркашӣ [ва такаббур] мекарданд
37:36 ва мегуфтанд: «Оё мо маъбудонамонро ба хотири [сухани] шоире девона раҳо кунем?»
37:37 [Чунин нест] балки ӯ ҳақ [тавҳид]- ро оварда ва паёмбарони [пешин] – ро тасдиқ кардааст
37:38 Шумо [кофирон], ҳатман, азоби дардноки [дузах]-ро мечашед
37:39 Ва ҷуз [дар баробари] он чи мекардед, муҷозот намешавед
37:40 Ҳама азоб мебинанд, магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
37:41 Онон [дар пешгоҳи Парвардигор ризқу] рӯзии мушаххасе доранд
37:42 [Анвои] меваҳо [-ро дар ихтиёр хоҳанд дошт] ва гиромӣ дошта мешаванд
37:43 Дар боғҳои пурнеъмати [биҳишт]
37:44 Дар ҳоле ки муқобили якдигар бар тахтҳо [такя задаанд]
37:45 ҷоме аз шароби ноб [ва зулол] перомунашон мегардонанд
37:46 [Шаробе равшан ва] сафед, ки барои нӯшандагонашон лаззатбахш аст
37:47 [Шаробе, ки хуморӣ ва] сардардӣ дар нӯшиданаш нест ва аз он маст намегарданд
37:48 Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд
37:49 [Занон чунон сафедандоманд, ки] гӯё тухм [-и парандагон] ҳастанд [ва зери пар ва боли онҳо аз дастрасии ҳамагон] пинҳон мондаанд
37:50 [Биҳиштиён дар бораи рӯйдодҳои дунё суҳбат мекунанд ва] бархе аз онон пурсишкунон рӯ ба бархе дигар мекунанд
37:51 Яке аз онон мегӯяд: «Ман [дар дунё] ҳамнишине доштам