Маркази тарҷумаи Равод — 446
37:1 Савганд ба фариштагони саф ба саф [ки барои парастиши Парвардигор истодаанд]
37:2 Ва савганд ба фариштагоне, ки абрҳоро меронанд
37:3 Ва савганд ба фариштагоне, ки Қуръон тиловат мекунанд
37:4 [ки] Бе тардид, маъбуди шумо яктост
37:5 [Ҳамон] Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва Парвардигори [хуршед дар ғурубгоҳҳо ва] тулуъгоҳҳо
37:6 Ба ростӣ, ки Мо осмони дунёро бо зевари ситорагон оростем
37:7 Ва онро аз [дастрасии] ҳар шайтони саркаш ҳифз кардем
37:8 [Он шаётин ҳаргиз] наметавонанд [суханони фариштагони] олами болоро бишунаванд ва аз ҳар сӯ [бо шаҳобҳои оташин] тирборон мешаванд
37:9 [Аз вуруди онон ба олами фариштагон ҷилавгирӣ мешавад ва ҳамвора ба] ақиб ронда мешаванд ва азоби ҷовидон [дар пеш] доранд
37:10 Магар касе, ки ногаҳон чизе [аз гуфтугӯи фариштагон]-ро дуздида гӯш диҳад, ки [дар ин сурат] шаҳоби дурахшон ӯро дунбол мекунад
37:11 Аз онон [кофирон] бипурс, ки оё офариниши [пайкарҳои] онон сахттар аст ё он чи ки Мо [аз замину осмонҳо ва ҷаҳони бекарон] офаридаем; [дар ҳоле ки] Мо онҳоро аз гили [беарзиш ва] часпида падид овардем
37:12 Ту [аз инкори онон] дар шигифтӣ ва онҳо [низ суханонатро дар бораи қиёмат] масхара мекунанд
37:13 Ва чун панд дода шаванд, намепазиранд
37:14 Ва чун нишонаҳои [дар мавриди ростгӯии Паёмбар] мебинанд, [онро] ба тамасхур мегиранд
37:15 Ва мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор
37:16 Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
37:17 Оё падарони мо [низ барангехта мешаванд]?»
37:18 Бигӯ: «Оре, шумо, дар ҳоле ки хор ҳастед [зинда мешавед]»
37:19 Пас, [вуқуи қиёмат] танҳо бо як бонг [-и саҳмнок] аст ва ногаҳон [ҳама аз қабрҳо берун меоянд ва дар интизори дастури Парвардигор, ваҳшати қиёматро] назорат мекунанд
37:20 Ва мегӯянд: «Вой бар мо! Ин [ҳамон] рӯзи ҷазост»
37:21 [Гуфта мешавад: Оре] ин ҳамон рӯзи довариест, ки дурӯғаш меангоштед»
37:22 [Ба фариштагон гуфта мешавад] «Касонеро, ки [бо ширк ба хеш] ситам карданд,ё бо [ҳамфикрон ва] ҳаммонандҳояшон
37:23 ва он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастиданд, гирд оваред ва ба роҳи дузах ҳидояташон кунед
37:24 Ва ононро нигаҳ доред, ки, ҳатман, [пеш аз рафтан ба дузах] бозхост хоҳанд шуд