Маркази тарҷумаи Равод — 445
36:71 Оё надидаанд, ки Мо аз он чи дастҳоямон сохтааст, чаҳорпоёне барояшон офаридаем, ки молики онҳо ҳастанд?
36:72 Ва онҳоро дар хидмати эшон гузоштаем, то бар бархе савор шаванд ва аз [гӯшти] бархе тағзия кунанд
36:73 Ва аз он [ҳайвонот] баҳраҳои дигар ва нӯшиданиҳое [шир] доранд. Пас, оё сипос намегузоранд?
36:74 [Бо ин ҳама неъмат мушрикон] ба ҷои Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд; ба ин умед, ки [аз сӯйи онҳо] ёрӣ шаванд
36:75 Он [маъбудҳои беҷон] қодир ба ёриашон нестанд; ва ин [мушрикон дар қиёмат] лашкаре барои онҳо [бутҳо] хоҳанд буд, ки [ҳамагӣ дар оташи дузах] эҳзор мешаванд
36:76 [Эй Паёмбар] сухани онон туро ғамгин насозад. Бе тардид, Мо он чиро пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд, [ба хубӣ] медонем
36:77 Оё инсон надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем [он гоҳ мароҳили рушдро тай кард ва] сипас душмане ошкор шуд?
36:78 Ва барои Мо мисоле зад ва офариниши хешро фаромӯш кард [ва] гуфт: «Чи касе ин устухонҳоро [дубора] зинда мекунад, дар ҳоле ки пӯсидааст?»
36:79 Бигӯ: «ҳамон касе зиндааш мекунад, ки нахустин бор онро падид овард ва Ӯ ба ҳар офаринише доност
36:80 Ҳамон ки аз дарахти сабз оташе бароятон падид овард ва шумо [дар сурати ниёз] худ аз он [дарахт] оташ меафрӯзед»
36:81 Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, наметавонад ҳаммонанди инҳоро [пас аз маргашон дубора] биофаринад? Оре [метавонад] ва Ӯ Офаринандаи доност
36:82 Фармони Ӯ чун чизеро ирода кунад, танҳо ин аст, ки ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад
36:83 Пас, пок ва муназзаҳ аст Парвардигоре, ки [ҳокимият ва] ихтиёри ҳама чиз ба дасти Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед