>

Маркази тарҷумаи Равод — 444

36:55 Бе тардид, аҳли биҳишт имрӯз бо шодмонӣ саргарм [-и неъматҳои илоҳӣ] ҳастанд

36:56 Онон ва ҳамсаронашон дар сояҳо [-и густурдаи биҳиштӣ] бар тахтҳо такя задаанд

36:57 Дар он ҷо [ҳар гуна] мева ва ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] ҳаст

36:58 [Бартар аз ин неъматҳо] саломест, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст

36:59 [Он гоҳ ба мушрикон хитоб мешавад] «Эй гунаҳкорон, имрӯз [аз муъминон] ҷудо шавед

36:60 Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам [ва фармон надодам], ки шайтонро напарастед, [ки] қатъан ӯ душмани ошкори шумост?

36:61 Ва ин ки [танҳо] Маро бипарастед, [ки] роҳи рост ҳамин аст?

36:62 Ва бе тардид, шайтон бисёре аз шуморо гумроҳ сохт. Оё андеша намекардед?

36:63 Ин [ҳамон] дузахест, ки ба шумо ваъда дода мешуд

36:64 Имрӯз ба сазои он ки куфр меварзидед, ба он [оташ] ворид шавед»

36:65 Имрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо Мо сухан мегӯянд ва пойҳояшон ба он чи мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд

36:66 Ва агар бихоҳем, бе тардид, чашмонашонро маҳв мекунем, пас, [бо чашми баста] ба сӯйи [пули] сирот [аз якдигар] пешӣ мегиранд [то ба биҳишт роҳ ёбанд]; аммо магар куҷоро мебинанд?

36:67 Ва агар бихоҳем [зоҳирашонро тағйир медиҳем ва чунон] ононро дар ҷои худ масх [ва замингир] мекунем, ки натавонанд гоме ба пеш бигузоранд ё ба ақиб бозгарданд

36:68 Ва Мо ба ҳар ки умри тӯлонӣ бидиҳем, дар офариниш дигаргунаш мекунем [ва ӯро ба нотавонии зеҳнӣ ва бадани даврони кӯдакӣ бармегардонем]. Пас, оё [дар бораи қудрати Парвардигор] намеандешанд?

36:69 Ва Мо ба ӯ [Муҳаммад] шеър наомӯхтаем ва [шоирӣ] шоистаи ӯ нест. Ин [ки омӯхтаем, чизе] нест, магар андарз ва Қуръоне равшан

36:70 То ҳар киро зинда [-дил] бошад, бим диҳад ва азоб бар кофирон муҳаққақ гардад