>

Маркази тарҷумаи Равод — 442

36:28 Пас аз [шаҳодати] ӯ бар қавмаш ҳеҷ сипоҳе аз осмон нафиристодем ва [пеш аз ин низ] фуру фиристанда набудем

36:29 [Кайфарашон] Ҷуз як бонги маргбор набуд; пас, ба ногоҳ ҳамагӣ [мурда ва] хомӯш гаштанд

36:30 Эй афсӯс, бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре ба сӯяшон наёмад, магар он ки масхарааш мекарданд

36:31 Оё надиданд [ва намедонанд] ки қабл аз онон чи бисёр наслҳоро ҳалок кардаем, ки дигар назди инҳо [ба дунё] бознамегарданд?

36:32 Ва [рӯзи қиёмат] ҳеҷ кас нест, магар он ки ҳамагӣ назди Мо эҳзор мешаванд

36:33 Барои онон [ки қиёматро бовар надоранд] замини хушк нишонае [ибратомӯз] аст: Мо он [замин]-ро зинда кардем ва аз [хоки] он донаҳое рӯёнидем, ки [махлуқоти илоҳӣ] аз он мехӯранд

36:34 Ва дар он [замин] боғҳое аз нахл ва ангур падид овардем ва дар он чашмаҳо равон сохтем

36:35 То мардум аз мевааш бихӯранд, дар ҳоле ки ин [маҳсулот, ҳосили талоши онҳо нест ва онҳо]-ро бо дастони худ амал наовардаанд. Пас, оё сипос намегузоранд?

36:36 Пок ва муназзаҳ аст, он [Парвардигоре] ки ҳамаи нару модаҳоро офарида аст; аз он чи замин мерӯёнад [гиёҳону дарахтон] ва аз худашон [инсонҳо] ва аз он чи намедонанд

36:37 Ва шаб барои онон нишонае [дигар аз қудрати илоҳӣ] аст, [ки] рӯзро аз он барканор мекунем ва ногаҳон [ҳама] дар торикӣ фуру мераванд

36:38 Ва хуршед [низ пайваста] ба сӯйи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири [Парвардигори] шикастнопазиру доност

36:39 Ва барои моҳ [низ] манзилгоҳҳое муқаррар намудаем, то [саранҷом аз қурси комил ба ҳилол ва] ба шакли шохаи хушки хурмо бозгардад

36:40 На хуршедро сазовор аст, ки [дар сайри худ] ба моҳ бирасад в на шаб бар рӯз пешӣ мегирад; ва ҳар як аз [ситораву сайёра] дар мадоре шиноваранд