Маркази тарҷумаи Равод — 441
36:13 [Эй Паёмбар] барояшон [моҷарои] мардуми он шаҳрро мисол бизан, он гоҳ ки паёмбарон наздашон рафтанд
36:14 Ва вақте ду нафар аз паёмбаронро ба сӯяшон фиристодем; аммо [мардум] ононро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, бо фиристодани паёмбари савум он дуро [таъйид ва] тақвият кардем. Онон [ба аҳолии шаҳр] мегуфтанд: «Мо фиристодагон [-и илоҳӣ] ба сӯи шумо ҳастем»
36:15 [Онон дар посух] гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед ва [Парвардигори] Раҳмон чизе [аз ваҳй] нозил накардааст. Шумо ҷуз дурӯғ намегӯед»
36:16 [Паёмбарон] гуфтанд: «Парвардигорамон медонад, ки қатъан, ба сӯйи шумо фиристода шудаем
36:17 Ва мо вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] надорем»
36:18 [Мардум] Гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар [аз таблиғ] даст барнадоред, ҳатман, сангсоратон мекунем ва бе тардид, азоби дардноке аз [ҷониби] мо ба шумо хоҳад расид»
36:19 [Паёмбарон] Гуфтанд: «Шумии шумо бо худатон [ва ношӣ аз куфру гуноҳ] аст. Оё агар пандатон диҳанд, [онро шум мепиндоред?] балки [ҳақиқат ин аст, ки шумо дар иртикоби гуноҳ] мардуми исрофкоред»
36:20 Ва марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй қавми ман, аз ин паёмбарон пайравӣ кунед»
36:21 Пайрави касоне бошед, ки аз шумо подоше намехоҳанд ва худ ҳидоят ёфтаанд
36:22 Ва чаро маъбудеро напарастам, ки маро офаридааст ва [шумо низ] ба сӯяш бозгардонда мешавед?
36:23 Оё ба ҷои Ӯ маъбудоне баргузинам, ки агар [Парвардигори] Раҳмон бихоҳад, газанде ба ман бирасонад, на шафоаташон бароям суде дорад ва на метавонанд [аз азоби илоҳӣ] наҷотам диҳанд?
36:24 Дар он сурат, яқинан, дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд
36:25 Ман ба Парвардигоратон имон овардаам [ва аз марг ҳаросе надорам] пас, суханонамро бишунавед
36:26 [Пас, чун он мард ба дасти қавмаш ба шаҳодат расид] Ба вай гуфта шуд: «Вориди биҳишт шав». Ӯ гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,
36:27 ки Парвардигорам маро омурзида ва гиромӣ доштааст»