Маркази тарҷумаи Равод — 440
35:45 Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба сабаби он чи кардаанд, муҷозот мекард, ҳеҷ ҷунбандаеро бар пушти замин боқӣ намегузошт, аммо [муҳлат медиҳад ва кайфари] ононро то саромади муайяне ба таъхир меандозад; пас, ҳангоме ки аҷалашон [дар қиёмат] фаро расад, яқинан, Аллоҳ таоло ба ҳоли бандагонаш биност.
36:1 Ё, син.[1]
36:2 Савганд ба Қуръони ҳаким
36:3 Бе тардид, ту аз паёмбарон [-и Мо] ҳастӣ
36:4 [Ва] Бар роҳи рост [Ислом қарор дорӣ]
36:5 [Ин Қуръон] Фуруфиристодаи [Парвардигори] шикастнопазири меҳрубон аст
36:6 То мардумеро [дар бораи азоби қиёмат] бим диҳӣ, ки падаронашон ҳушдор наёфтаанд ва [бад-ин сабаб] онҳо низ ғофиланд
36:7 Яқинан, фармон [-и азоби илоҳӣ] бар бештарашон таҳаққуқ ёфтааст; пас, [лаҷоҷат мекунанд ва] имон намеоваранд
36:8 [Мисоли гумроҳии кофирон, чунон аст, ки гӯӣ] Мо бар гарданҳояшон занҷирҳое ниҳодаем, ки то зери манаҳҳояшон [печидашуда] аст, чунонки сарҳояшон боло мондааст [ва аз анҷоми ҳар хайре оҷизанд ва роҳи ҳидоятро намеёбанд]
36:9 Ва аз пеши рӯяшон деворе ва аз пушти сарашон низ деворе ниҳодаем ва чашмонашонро бо пардае пӯшонидаем; аз ин рӯст, ки [ҳақиқатро] намебинанд
36:10 [Эй Паёмбар] барояшон яксон аст, ки ононро бим диҳӣ ё надиҳӣ; [дар ҳар ҳол] имон намеоваранд
36:11 Ҷуз ин нест, ки ту ба касе бим медиҳӣ [ва ин кор барои касе суд дорад], ки пайрави Қуръон бошад ва дар ниҳон аз [Парвардигори] Раҳмон битарсад; пас, Ӯро [ки чунин аст] ба омурзиш ва подоши арҷманд башорат бидеҳ
36:12 Яқинан, Моем, ки мурдагонро зинда мекунем ва он чиро, ки аз пеш фиристодаанд ва осори [боқимонда аз] эшонро менависем; ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем