Маркази тарҷумаи Равод — 438
35:31 [Эй Паёмбар] он чи аз ин китоб ба ту ваҳй кардем ҳақ аст ва он [китобҳои осмонӣ]-ро, ки пештар будааст, тасдиқ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност
35:32 Онгоҳ ин китоб [Қуръон]-ро ба гурӯҳе аз бандагонамон, ки баргузидем [уммати Муҳаммад] ба мерос додем; пас, [бархе] аз онон дар ҳаққи хеш ситамгоранд ва [бархе дигар] аз онон миёнарав ҳастанд ва [бархе] аз онон ба фармони Аллоҳ таоло дар некиҳо пештозанд. Ин [мусулмонӣ ва баҳрамандӣ аз Қуръон, фазилат ва] бахшоиши бузург аст
35:33 [Подошашон] боғҳои ҷовидон [-и биҳиштӣ] аст, ки ба он ворид мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳое аз тилло ва марворид ороста мегарданд ва либосашон аз ҳарир аст
35:34 [Онон пас аз вуруд] мегӯянд: «Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло аст, ки андӯҳро аз мо дур кард. Ба ростӣ, ки Парвардигорамон омурзандаи сипосгузор аст
35:35 Он [маъбуде], ки аз фазли хеш моро дар ин сарои ҷовид ҷой дод; дар он ҷо ранҷе ба мо намерасад ва дучори хастагӣ [ва касолат] намешавем
35:36 Ва барои касоне, ки куфр варзидаанд оташи дузах [дар пеш] аст. На фармон [-и марг] бар онон ҷорӣ мешавад, то бимиранд ва на [чизе] аз азобаш бар онон коста мегардад. Мо ҳар носипосеро чунин ҷазо медиҳем
35:37 [Дузахиён] Дар он [оташ] фарёд мезананд: «Парвардигоро, моро [аз ин азоб] берун овар, то ғайр аз он чи [пештар] мекардем, кори шоистае анҷом диҳем». [Ба онон гуфта мешавад] «Оё ба шумо [он қадар фурсат ва] умр надодем, то ҳар ки пандпазир аст, дар он [муддат] панд гирад? Ва [паёмбар низ ба унвони] бимдиҳанда наздатон омад; пас, [ҳоло ки итоат накардед, таъми азобро] бичашед, ки ситамгорон ҳеҷ ёригаре надоранд
35:38 Бе тардид, Аллоҳ таоло донои ниҳони осмонҳо ва замин аст [ва] Ӯст, ки ба рози дилҳо доност