>

Маркази тарҷумаи Равод — 437

35:19 Ва [кофир ва муъмин баробар нестанд; чунонки] нобино ва бино яксон нестанд

35:20 Ва на торикиҳо ва нур

35:21 Ва на соя ва боди сӯзон

35:22 Ва зиндагон ва мурдагон яксон нестанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло [нидои ҳақро] ба гӯши ҳар ки бихоҳад мерасонад ва ту [эй паёмбар] наметавонӣ касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, шунаво созӣ

35:23 Ту ҷуз бимдиҳандае [беш] нестӣ

35:24 Ба ростӣ, Мо туро ба ҳақ башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем ва [дар наслҳои гузашта низ] ҳеҷ уммате набуд, магар он ки миёнашон бимдиҳандае гузашта аст

35:25 Ва агар [мушрикон] туро дурӯғгӯ меангоранд, [аҷиб нест; чаро ки] бе тардид, касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ] паёмбаронашонро, ки бо далоили равшан ва китобҳои осмонӣ ва китоби равшангар ба суроғашон омаданд, дурӯғгӯ ангоштанд

35:26 Он гоҳ [Ман низ] касонеро, ки куфр варзида буданд, нобуд кардам; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд

35:27 Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе нозил кард ва ба [василаи] он [аз дарахтони мухталиф] меваҳое падид овардем, ки рангҳояш гуногун аст ва аз кӯҳҳо [низ рагаҳо ва] роҳҳое сафед ва қирмиз ва комилан сиёҳ [офаридем], ки рангҳояш гуногун аст?

35:28 Ва ҳамчунин аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён [низ махлуқоте офаридем, ки] рангҳояш гуногун аст. Ба ростӣ, аз [миёни] бандагони Аллоҳ таоло, танҳо доноён [ҳастанд, ки ба сифот ва аҳкоми илоҳӣ огоҳӣ доранд ва] аз Ӯ метарсанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири омурзанда аст

35:29 Дар ҳақиқат, касоне, ки китоби Аллоҳро мехонанд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкор инфоқ мекунанд, ба тиҷорате [пурсуд] умед доранд, ки ҳаргиз зиён [ва касодӣ] надорад

35:30 То [Аллоҳ таоло] подошашонро ба тамомӣ бидиҳад ва аз фазли хеш бар [ҳаққи] онон биафзояд. Бе тардид, Ӯ омурзандаи сипосгузор аст