>

Маркази тарҷумаи Равод — 436

35:12 Ва он ду дарё яксон нестанд: ин яке ширин ва хушгувор аст ва нӯшиданаш гуворост ва он яке шӯру талх аст; ва аз [сайди] ҳар як гӯште тоза мехӯред ва зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон аз аъмоқаш] берун меоваред, ки онҳоро бар тан мекунед; ва киштиҳоро дар он дарё мебинӣ, ки [синаи амвоҷро] мешикофанд, то аз бахшоиши он баҳраманд гардед; бошад, ки сипос гузоред

35:13 [Аллоҳ таоло] шабро дар рӯз дармеоварад ва рӯзро дар шаб дармеоварад [ва инчунин бар тӯли ҳар яке меафзояд] ва хуршед ва моҳро ба хидмат [-и инсон] гумошт, ки ҳар як то замоне муайян [ дар мадори худ] равон бошанд. Ин аст Аллоҳ таоло–Парвардгори шумо; фармонравоӣ аз они Ӯст ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ мехонед, [дар баробараш чунон фақиранд, ки ҳатто] пусти ҳастаи хурмоеро доро нестанд

35:14 Агар ононро бихонед, садоятонро намешунаванд ва [ба фарзи маҳол] агар бишнаванд, посухатонро намедиҳанд ва рӯзи қиёмат аз ширки шумо безорӣ меҷӯянд; ва [эй паёмбар] ҳеҷ кас ҳамчун [Парвардгори] огоҳ туро [аз ҳақоиқ] хабардор намесозад

35:15 Эй мардум, [ҳамаи] шумо ба Аллоҳ таоло ниёзмандед ва [танҳо] Аллоҳ таоло аст, ки бениёзи сутуда аст

35:16 Ӯ агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷойи шумо падид] меоварад

35:17 Ва [анҷоми] ин кор барои Аллоҳ таоло душвор нест

35:18 Ва ҳеҷ гунаҳгоре, бори гуноҳи дигареро ба дӯш намегирад ва агар [шахси] гаронборе, [дигареро] барои ҳамли бори [гуноҳони] хеш фаро бихонад, [чизе аз он бор] бардошта намешавад; ҳарчанд, ки ӯ хешованд [-и наздикаш] бошад. [Эй паёмбар] Ҷуз ин нест, ки ту фақат ба касоне ҳушдор медиҳӣ, ки дар ниҳон аз [муҷозоти] Парвардгорашон метарсанд ва намоз барпо медоранд. Ҳар ки [аз гуноҳон] пок шавад, пас? яқинан танҳо ба суди хеш пок гаштааст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст