Маркази тарҷумаи Равод — 435
35:4 [Эй Паёмбар] Агар мушрикон туро дурӯғгӯ меангоранд [ғамгин мабош; зеро] паёмбарони пеш аз туро низ дурӯғгӯ ангоштанд ва [саранҷом ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло боз гардонида мешавад
35:5 Эй мардум, яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст; пас, [ҳушёр бошед, ки лаззатҳои] зиндагии дунё шуморо нафиребад ва шайтон шуморо нисбат ба [таъхир дар азоб ва шикебоӣ] Аллоҳ таоло нафиребад
35:6 Бе тардид, шайтон душмани шумост; пас, шумо низ ӯро душман [-и худ] гиред. Ҷуз ин нест, ки ӯ пайравонашро [ба куфр] мехонад, то аз аҳли оташ бошанд
35:7 Касоне, ки куфр варзидаанд, азобе сахт [дар пеш] доранд ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд омурзиш ва подоше бузург [дар итизор] доранд
35:8 Пас, оё касе, ки кирдори зишташ дар назараш ороста гаштааст ва онро неку мебинад [ҳамчун муъмини ҳақиқатбин аст?] пас, бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро хоҳад гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад; пас, [эй паёмбар] вуҷудатро ба хотири дареғҳо [-и фаровон] бар [гумроҳии] онон табоҳ накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар он чи мекунанд, огоҳ аст
35:9 Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ] абреро бармеангезанд; сипас Мо он [абр]-ро ба сӯйи сарзамине [хушк ва] мурда мефиристем ва ба [василаи] он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш–зинда мекунем. Барангехтан [-и мурдагон аз қабрҳо низ] чунин аст
35:10 Ҳар ки сарбаландӣ [-и дунё ва охиратро] мехоҳад, [бидонад, ки] сарбаландӣ ҳама аз они Аллоҳ таоло аст. Гуфтори пок [ва зикри илоҳӣ] ба сӯяш авҷ мегирад ва кирдори шоистаи он [гуфтор]-ро боло мебарад; ва онон, ки зиштиҳо [ва гуноҳон]-ро дасисачинӣ мекунанд, азоби сахте [дар пеш] доранд ва [нақша ва] найрангашон нобуд мегардад
35:11 Ва Аллоҳ таоло [нахустин] шуморо аз хоке офарид ва он гоҳ [фарзандонаш] аз нутфае [падид овард]; сипас шуморо ҷуфтҳо [-и якдигар] қарор дод. Ҳеҷ [ҷондори] модае бордор намешавад ва зоймон намекунад, магар бо дониш [ва огоҳии] Ӯ; ва ҳеҷ [ҷондори] куҳансоле умри тӯлонӣ намекунад ва аз умраш коста намегардад, магар он ки дар китобе [Лавҳи маҳфуз] сабт аст. Ба ростӣ, ки ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст