>

Маркази тарҷумаи Равод — 434

34:49 Бигӯ: «Ҳақ [Ислом] фаро расид ва ботил наметавонад [таъсир ва қудрати ҷадиде] оғоз кунад ва на [нуфузи гузаштаашро] бозгардонад

34:50 Бигӯ: «Агар [ман бо расондани ин паём] гумроҳ шуда бошам, ҷуз ин нест, ки ба зиёни хеш гумроҳ шудаам ва агар ҳидоят ёфта бошам, ба сабаби он [сухане] аст, ки Парвардигорам бар ман ваҳй мекунад. Бе тардид, Ӯ шунаво [ва] наздик аст»

34:51 Кош ҳангомеро медидӣ, ки [кофирон аз мушоҳидаи азоб] ваҳшатзада мешаванд ва [ҳеҷ роҳи] гурезе нест ва ононро аз ҷойи наздике [ки интизорашро надоранд] дастгир мекунанд

34:52 Онон [дар ин ҳол] мегӯянд: «Ба ин [қиёмат] имон овардем»; ва [акнун, ки мурдаанд] чи гуна аз ҷойи [чунин] дур дастрасӣ [ба имон] барояшон мумкин аст?

34:53 Ҳол он ки онон дар дунё ин [қиёмат]-ро инкор мекарданд ва аз дур [ва бидуни дониш ва огоҳӣ, ба Паёмбар] нисбатҳои нораво медонанд

34:54 Ва [саранҷом] миёни онон ва он чи [аз лаззатҳои дунявӣ] ки хуш доранд, ҷудоӣ афтод; чунонки пеш аз ин низ бо амсоли [ва ҳамфикрони] эшон низ чунин рафторе шуд [чаро ки] яқинан онон [низ нисбат ба қиёмат] сахт дар тардид буданд

35:1 Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳи офаринандаи осмонҳо ва замин аст; [Парвардигоре, ки] фариштагонро бо болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргона, фиристодагон [-и хеш ба сӯйи мардум] қарор дод [ва] ҳар чи бихоҳад дар офариниш меафзояд. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

35:2 Ҳар [бахшоиш ва] раҳмате, ки Аллоҳ таоло барои мардумон бикушояд, ҳеҷ боздорандае барояш нест ва ҳар чиро бозгирад, фиристандае пас аз Ӯ вуҷуд надорад; ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст

35:3 Эй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ таоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед?