>

Маркази тарҷумаи Равод — 433

34:40 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи ононро бармеангезад, онгоҳ ба фариштагон мегӯяд: «Оё инҳо шуморо мепарастиданд?»

34:41 [Фариштагон] мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ; [дӯст ва] корсози мо Ту ҳастӣ, на онон; балки [ин мушрикон] шаётинро мепарастиданд ва бештарашон ба онҳо имон доштанд»

34:42 Пас, имрӯз ҳеҷ як аз шумо суд ва зиёне барои дигаре надорад; ва ба касоне, ки [бо ширк варзидан] ба худ ситам мекарданд, мегӯем: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш меангоштед

34:43 Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон [кофирон] хонда мешавад, мегӯянд: «Ин ҷуз марде нест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад»; ва [низ] мегӯянд: «Ин [Қуръон] ҷуз дурӯғе барбофта нест»; ва касоне, ки куфр варзиданд, дар бораи ҳақ – вақте ба сӯяшон омад – гуфтанд: «Ин [Қуръон, чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»

34:44 Мо [пеш аз ин Қуръон] ҳеҷ китобе ба онон [мушрикон] надодаем, ки онро бихонанд [ва бо истинод ба матолибаш туро дурӯғгӯ бидонанд] ва пеш аз ту ҳеҷ бимдиҳандае ба сӯяшон нафиристодаем

34:45 Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд ва [ин дар ҳоле аст, ки мушрикони қавми ту, ҳатто] ба даҳяки он чи [аз қудрату сарват] ба онон дода будем, нарасидаанд, вале [он кофирон] паёмбаронамро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд

34:46 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Ман фақат шуморо ба як [сухан] панд медиҳам, ки: ду-ду ва як-як [гурӯҳ-гурӯҳ ё инфиродӣ] барои Аллоҳ таоло бархезед, сипас [дар аҳвол ва зиндагии паёмбар] бияндешед, [то бидонед, ки] ин ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест; ӯ бимдиҳандаест, ки пеш аз [фаро расидани] азоби сахт, барои [ҳидояти] шумо омадааст»

34:47 Бигӯ: «Ҳар подоше, ки [барои рисолатам] аз шумо хостаам, барои худатон бошад. Подоши ман ҷуз бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло нест ва Ӯ бар ҳар чизе гувоҳ аст»

34:48 Бигӯ: «Яқинан Парвардигорам, ки донои розҳои ниҳон аст, [истидлолҳои] ҳақро бар ботил фурӯ меафканад [ва онро нобуд месозад]»