>

Маркази тарҷумаи Равод — 432

34:32 Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, [дар посух ба] касоне, ки ба нотавонӣ кашида шуда буданд, мегӯянд: «Оё мо [будем, ки] шуморо аз ҳидоят-пас аз он ки ба сӯятон омад- боздоштем? [Ҳаргиз] Балки шумо худ гунаҳгор [ва аҳли фасод] будед»

34:33 Онон, ки ба нотавонӣ кашида шуда баданд, ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «[Чунин нест] балки найранги шабу рӯз [-и шумо сабаб шуд, ки аз ҳидоят бозмонем] онгоҳ, ки ба мо дастур медодед, ба Аллоҳ таоло кофир шавем ва барояш [дар қудрат ва парастиш] ҳамтоёне қарор диҳем». Онон ҳангоме ки азоб [-и илоҳӣ]-ро мебинанд, пушаймонии худро [дар дил] пинҳон мекунанд ва Мо ғулу занҷирҳоро дар гардани ононе, ки куфр варзидаанд, меандозем. Оё ҷуз [ба кайфари] он чи мекарданд, муҷозот мешаванд?

34:34 Ва дар ҳеҷ шаҳре бимдиҳандае нафиристодем, магар ин ки сарватмандони саркаши онҷо гуфтанд: «Паёмеро, ки маъмур ба [расидани] он шудаед, ҳатман, инкор мекунем»

34:35 Онон мегуфтанд: «Амвол ва фарзандони мо [аз шумо] бештар аст ва ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд»

34:36 [Эй Паёмбар] бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [барои озмоиши мардум, неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; вале бештари мардум намедонанд

34:37 Ва амволу фарзандонатон [фазилате] нест, ки шуморо ба пешгоҳи Мо наздик созад, магар касе, ки имон оварда ва коре шоиста анҷом додааст; пас, онон дар баробари он чи кардаанд, подоши дучандон доранд ва дар хонаҳои баланди биҳишт дар амну осоишанд

34:38 Ва касоне, ки дар [дур кардани мардум аз] оёти Мо мекӯшанд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, ононанд, ки [ба азоби дузах] фаро хонда мешаванд

34:39 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; ва ҳар чизеро [ки дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, Ӯ ба ҷойи он [мол- ва беҳтар аз он –ба шумо] бозпас медиҳад; ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст»