>

Маркази тарҷумаи Равод — 431

34:23 Шафоат [ҳеҷ кас] назди Ӯ [Аллоҳ таоло] суде надорад; магар барои он ки [Аллоҳ таоло] ба ӯ иҷозат дода бошад. [Дар он рӯз фариштагон аз хавф ва ҳайбати илоҳӣ тарсонанд] то онгоҳ, ки изтироб [ва ташвиш] аз дилҳояшон бартараф мегардад, [гурӯҳе аз онон ба гурӯҳи дигар] мегӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» [Онон дар посух] мегӯянд: «ҳақро [фармуд] ва Ӯ баланмартабаи бузург аст»

34:24 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Чи касе аз осмонҳо ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад?» [Дар посух] бигӯ: «Аллоҳ таоло; ва яқинан [як гурӯҳ аз байни] мо ва шумост ё бар [роҳи] ҳидоят ё дар гумроҳии ошкор»

34:25 Бигӯ: «[Рӯзи қиёмат] Шумо аз гуноҳе, ки мо муртакиб шудаем, бозхост намешавед ва моро [низ] ба хотири он чи шумо анҷом медиҳед, бозхост намекунанд

34:26 Бигӯ: «[Он рӯз] Парвардигорамон [ҳамаи] моро гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ [ва адолат] доварӣ мекунад ва Ӯ довари доност»

34:27 Бигӯ: «Касонеро, ки [дар қудрат ва тадбир] шарики Ӯ [Аллоҳ таоло] сохтаед, нишонам диҳед. Ҳаргиз [чунин нест, ки мепиндоред], балки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

34:28 [Эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем; аммо бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд

34:29 Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»

34:30 Бигӯ: «Ваъдагоҳатон рӯзест, ки на соате аз он таъхир мекунед ва на [бар он] пешӣ мегиред»

34:31 Ва касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Мо ҳаргиз ба ин Қуръон ва ба он [китобҳое], ки пеш аз он будааст, имон намеоварем». Кош медидӣ он вақтро, ки ин ситамгорон дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд [ва] сухани якдигарро рад мекунанд [ва ҳар як гуноҳро ба гардани дигаре меандозад]. Онон, ки [дар дунё] ба нотавонӣ кашида шуда буданд ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «Агар шумо набудед, мо ҳатман, имон меовардем»