>

Маркази тарҷумаи Равод — 43

2:257 Аллоҳ таоло ёвар [ва корсози] касоне аст, ки имон овардаанд; ононро аз торикиҳо ба сӯйи нур берун мебарад; ва касоне, ки кофир шуданд, [корсоз ва] ёварашон тоғут аст, [ки] ононро аз нур [–и имон ва илм] ба сӯйи торикиҳо [–и куфру нодонӣ] берун мебарад. Онон аҳли оташанд [ва] дар он ҷовидонанд

2:258 [Эй паёмбар], оё [достони] он шахсро надонистаӣ, ки аз [сари мастӣ] он ки Аллоҳ таоло бар ӯ фармонравоӣ бахшида буд бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш муҷодала мекард? Ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигори ман касе аст, ки зинда мекунад ва мемиронад". [Намруд] Гуфт: "Ман [низ] зинда мекунам ва мемиронам". Иброҳим гуфт: "Аллоҳ таоло хуршедро аз машриқ [берун] меоварад, пас, ту онро аз мағриб биёвар". [Дар ин ҷо] Он ки куфр варзида буд, мабҳут шуд; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро ҳидоят намекунад

2:259 Ё ҳамчун он, ки аз шаҳр [-и вайрону матрук] гузашт, ки сақфҳо ва деворҳояш фурӯ рехта буд. [Ӯ бо худ] Гуфт: "Чи гуна Аллоҳ таоло [аҳли] ин [диёр] – ро пас аз маргашон зинда мекунад"? Пас Аллоҳ таоло ӯро [ба муддати] сад сол миронид, [ва] сипас зинда кард [ва ба ӯ] гуфт: "Чанд муддат [дар ин ҳол] мондаӣ"? Гуфт: "Як рӯз ё бахше аз як рӯз [дар ин ҳол] мондаам". Фармуд: "Чунин нест; сад сол [дар чунин ҳоле] мондаӣ. Ба хӯрданиву нӯшиданиат бингар, ки бо гузашти замон дигаргун нашудааст ва ба дарозгӯши худ бингар [ки чӣ гуна муталошӣ шудааст. Мо чунин кардем то ба суолат посух гӯем] ва туро барои мардум нишонае [дар мавриди қиёмат] қарор диҳем. [Акнун] Ба устухонҳои он [ҳайвон] нигоҳ кун, ки чи гуна онҳоро ба ҳам пайванд медиҳем ва сипас гӯште бар он мепӯшонем". Пас, ҳангоме ки [қудрати илоҳӣ бар зинда кардани мурдагон] барояш ошкор шуд, гуфт: "[Ба яқин] Медонам, ки Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност"