>

Маркази тарҷумаи Равод — 429

34:8 Оё [ин мард] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё девона аст?» [ҳаргиз чунин нест] балки касоне, ки ба охират имон надоранд, дар азоб [шадиди охират] ва гумроҳии дуру дароз [дунё] гирифторанд

34:9 Оё [кофирон] ба осмону замине, ки пеши рӯ ва пушти сарашон аст, нанигаристаанд? Агар бихоҳем, ононро [монанди Қорун] дар замин фурӯ мебарем ё [ҳамчун қавми Шуайб] тиккае аз осмонро бар сарашон меафканем. Бе гумон, дар ин [ҳушдор] барои ҳар бандаи тавбакор, нишонае [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст

34:10 Мо аз ҷониби хеш ба Довуд фазилате [ҳукмронӣ ва нубувват] бахшидем [ва гуфтем] «Эй кӯҳсорон ва эй парандагон, [дар ситоиш ва ниёиш] бо ӯ ҳамовоз шавед» ва оҳанро барояш нарм кардем [то ҳар чи мехоҳад бисозад]

34:11 [Ба ӯ дастур додем] ки: «Зиреҳҳои баланд [ва фарох] бисоз ва дар бофтан [ва пайвастани ҳалқаҳои зиреҳ] санҷида ва дақиқ кор кун ва [шумо эй мардум] некукорӣ кунед, [ки] бе тардид, Ман ба он чи мекунед, бино ҳастам»

34:12 Ва барои Сулаймон бодро [ба хидмат гумоштем], ки [дар вазиш] субҳгоҳон, масири як моҳаро тай мекард ва шомгоҳон [низ] масири як моҳаро мепаймуд; ва чашмаи миси [гудохта]-ро барояш равон сохтем ва гурӯҳе аз ҷинниён, ба фармони Парвардигораш, назди ӯ кор мекарданд ва ҳар як аз онон, ки аз фармони Мо сарпечӣ мекард, ба ӯ аз азоби сӯзон мечашондем

34:13 Онҳо барои ӯ ҳар чи мехост месохтанд: аз [кох ва] ибодатгоҳ ва муҷассама ва косаҳое [ки аз бузургӣ] ҳамчун ҳавз [буданд] ва дегҳое бисёр бузург ва собит. [Ба онон гуфтем] «Эй оли Довуд, сипоси [неъматҳои Маро] ба ҷой оваред» ва [-ле] андаке аз бандагонам сипосгузоранд

34:14 Пас, чун маргро бар Сулаймон муқаррар доштем, [ҳеҷ кас] ононро аз маргаш огоҳ насохт, магар мӯриёна [кирмак]-е, ки асояшро хӯрд. Пас, чун [пайкари Сулаймон] фурӯ афтод, ҷинниён дарёфтанд, ки агар аз ғайб огоҳ буданд, ҳаргиз дар он азоби сангин [ва кори тоқатфарсо] боқӣ намемонданд