Маркази тарҷумаи Равод — 428
34:1 Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва дар охират [низ] ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст
34:2 Ҳар чи дар замин фурӯ меравад ва ҳар чи аз он бармеояд ва он чи аз осмон фуруд меояд ва он чи ба сӯйи он боло меравад [ҳамаро Аллоҳ таоло] медонад ва Ӯ меҳрубони омурзанда аст
34:3 Касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Қиёмат ҳаргиз ба суроғи мо нахоҳад омад». Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки донои ғайб аст, ҳатман, ба суроғатон меояд. ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин аз Ӯ пӯшида нест ва кучактар ва бузургтар аз он зарра чизе нест, магар он ки дар китобе ошкор [Лавҳи маҳфуз] сабт аст
34:4 То касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд подош диҳад. Эшонанд, ки бахшоиш ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд»
34:5 Ва касоне, ки дар [роҳи инкор ва такзиби] оёти Мо кӯшиданд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, азобе сахт ва дарднок [дар пеш] доранд
34:6 Аҳли дониш [донишмандони саҳоба ва уламои муъмини аҳли китоб] медонанд он чи ки аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст ва ба роҳи [Аллоҳ таоло] шикастнопазири сутуда ҳидоят мекунад
34:7 Касоне, ки куфр вазиданд [бо тамасхур ба якдигар] мегӯянд: «Мехоҳед мардеро нишонатон диҳем, ки иддио мекунад вақте [пас аз марг] комилан муталошӣ шудед, [бори дигар] дар офаринише нав дархоҳед омад?