>

Маркази тарҷумаи Равод — 427

33:63 [Эй Паёмбар] Мардум дар бораи [замони вуқуъи] қиёмат аз ту мепурсанд; бигӯ: «Дониши он танҳо назди Аллоҳ таоло аст»; ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад

33:64 Бе тардид, Аллоҳ таоло кофиронро аз раҳмати хеш дур карда ва барояшон оташи афрӯхта муҳайё кардааст

33:65 [Оташе] Ки ҷовидона дар он хоҳанд монд [ва барои дифоъ аз худ] ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд

33:66 Рӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташи дузах дигаргун мешавад, [бо пушаймонӣ] мегӯянд: «Эй кош, аз Аллоҳ таоло ва Паёмбар итоат карда будем

33:67 [Онон баҳона меоваранд ва] мегӯянд: «Парвардигоро, мо аз раҳбарон ва бузургони худ итоат кардем ва онон [буданд], ки моро гумроҳ карданд

33:68 Парвардигоро! Азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузург [ва сахт] лаънат бифармо!»

33:69 Эй касоне, ки имон овардаед, [Паёмбарро наёзоред ва] монанди касоне набошед ки Мӯсоро [бо тӯҳматҳои нораво] озурданд, сипас Аллоҳ таоло ӯро [аз он чи дар ҳаққаш мегуфтанд] табриа намуд; ва [Мӯсо] ҳамвора назди Аллоҳ обрӯманд аст.

33:70 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед

33:71 [Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ таоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмурзад ва [бидонед] ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст

33:72 Мо амонати [анҷоми амрҳои шаръӣ] – ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳсорон арза доштем ва онҳо аз таҳаммулаш сар боз заданд ва аз он тарсиданд ва [-ле] инсон онро пазируфт. Ҳаққо, ки ӯ [дар ҳаққи хеш] ҳамвора ситамгор ва нодон аст

33:73 [Инсон чунин кард] то Аллоҳ таоло мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардону занони муъминро [ки амонатдорони шоистае буданд] бипазирад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст