>

Маркази тарҷумаи Равод — 426

33:55 Бар онон [занони мусулмон] гуноҳе нест [дар надоштани ҳиҷоб] назди падаронашон ва писаронашон ва бародаронашон ва писарони бародаронашон ва писарони хоҳаронашон ва занон [ҳамдин]-ашон ва бардагонашон; ва [эй занони мусулмон] аз Аллоҳ таоло парво кунед. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст

33:56 Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед

33:57 Касоне ки Аллоҳ таоло ва Паёмбарашро меозоранд, Аллоҳ таоло дар дунё ва охират ононро аз раҳмати хеш дур мекунад ва барояшон азоби хоркунанда омода кардааст

33:58 Ва онон, ки мардон ва занони муъминро бе он ки муртакиби [амали зиште] шуда бошанд, [бо иттиҳомоти нораво] меозоранд, бори дурӯғ ва гуноҳи ошкорро бар дӯш мекашанд

33:59 Эй Паёмбар, ба ҳамсарон ва духтаронат ва дигар занони муъмин бигӯ, ки чодарҳояшонро ба шоистагӣ бар [сар ва синаи] хеш бияфкананд. Ин [гуна пӯшиш] муносибтар аст ба ин ки [дар ҷомеа матонат ва виқор] шинохта шаванд ва [дар натиҷа] мавриди озор [ҳарзагон] қарор нагиранд, Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

33:60 Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст ва овозасозӣ дар Мадина [аз дурӯғгӯӣ ва шоеасозӣ] даст барнадоранд, яқинан туро бар онон мусаллат мегардонем. Дар ин сурат ҷуз муддати кӯтоҳе наметавонанд дар ин шаҳр дар канори ту бимонанд

33:61 Лаънатшудагонанд ва ҳар ҷо ки ёфта шаванд, бояд бемуҳобо дастгир ва кушта шаванд

33:62 [Ин] Суннати Аллоҳ таоло дар мавриди афроде [аз мунофиқон] , ки пештар будаанд, ҷорӣ гаштааст; ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло дигаргунӣ [ва тағйире] намеёбӣ