Маркази тарҷумаи Равод — 425
33:51 [Навбати] ҳар як аз онон [ҳамсаронат]- ро, ки бихоҳӣ [метавонӣ] ба таъхир андозӣ ва ҳар кадомро бихоҳӣ, [метавонӣ] назди хеш ҷой диҳӣ; ва агар ҳар як аз ононро, ки аз ӯ канора гирифтаӣ [ва навбаташ ба таъхир афтодааст] талаб кунӣ, [дар ҳар ҳол] ҳеҷ гуноҳе бар ту нест. Ин [ихтиёр дар интихоб] наздиктар аст ва ин ки чашмашон равшан шавад ва андӯҳгин набошанд ва ҳамагиашон аз он чи ба онон бахшидаӣ хушнуд гардидаанд; ва Аллоҳ таоло медонад, ки шумо [мардон дар бораи муҳаббати бештар ба бархе занонатон] чи дар дил доред; ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои бурдбор аст
33:52 Аз ин пас [дигар издивоҷ бо] ҳеҷ зане бароят ҳалол нест ва набояд [бархе аз ҳамсаронатро талоқ диҳӣ, то] ҳамсаронеро ҷойнишини онон кунӣ, ҳатто агар зебоии онон [занони ҷадид] туро хуш ояд. Магар он ки [ба сурати каниз] дар ихтиёрат бошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе нигаҳбон аст
33:53 Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои Паёмбар дохил нашавед; магар он ки барои [сарфи] ғизое ба шумо иҷозат диҳанд; бе он ки [зудтар аз вақти ғизо биравед ва] мунтазири омода шуданаш шавед; вале ҳангоме ки шуморо фаро хонданд, ворид шавед ва чун ғизо хӯрдед, пароканда гардед ва саргарми [баҳс ва] гуфтугӯ нашавед. Ин [рафторатон] Паёмбарро меозорад ва ӯро аз [ибрози ин мавзӯъ дар баробари] шумо шарм дорад; [вале] Аллоҳ таоло аз [баёни] ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме ки аз ҳамсарони ӯ дархосте доред, [ниёзатонро] аз пушти пардае аз онон бихоҳед [ва дар чеҳраи онон нанигаред; чаро ки] ин [кор] барои дилҳои шумо ва эшон поктар аст; ва [ҳамчунин] бароятон сазовор нест, ки Расулуллоҳро биёзоред ва ҳаргиз шоистаи шумо нест, ки пас аз ӯ бо ҳамсаронаш издивоҷ кунед. Ба ростӣ, ки ин [кор] назди Аллоҳ таоло [гуноҳе] бузург аст
33:54 Агар чизеро ошкор кунед ё пинҳон доред, [бидонед, ки] бетардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст