Маркази тарҷумаи Равод — 423
33:36 Барои ҳеҷ мард ва зани муъмине шоиста нест, ки вақте Аллоҳ таоло ва расулаш ба коре фармон медиҳанд [дар иҷрои он фармон] ихтиёре дошта бошанд;ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва расулаш нофармонӣ кунад, ҳаққо, ки дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст
33:37 [Ба ёд овар] Вақте ба [Зайд ибни Ҳориса]-касе, ки Аллоҳ таоло ба ӯ неъмат [Ислом] дода буд ва ту неъмат [озодӣ] бахшида будӣ- [ба насиҳат] мегуфтӣ: «Ҳамсаратро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ таоло парво кун» ва дар дили хеш [дар мавриди издивоҷ бо Зайнаб пас аз талоқаш] пинҳон медоштӣ, ки Аллоҳ таоло ошкоркунандаи он буд ва [чун ин издивоҷ бо суннатҳои ҷоҳилӣ мухолиф буд] аз [сарзаниши] мардум метарсидӣ; ҳол он ки Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, ҳангоме ки Зайд ниёзашро аз вай ба поён бурд [ва талоқаш дод], ӯро ба издивоҷи ту даровардем, то барои муъминон дар мавриди издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон, ки аз онон ком гирифтаанд [ва талоқашон додаанд], ҳеҷ гуноҳе набошад; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора анҷомпазир аст
33:38 Бар Паёмбар, дар мавриди он чи Аллоҳ таоло барояш муқаррар [ва ҳалол] доштааст, ҳеҷ гуна гуноҳе вуҷуд надорад. [Ин кор] Суннати илоҳӣ аст [ва] дар бораи касоне [паёмбароне], ки пеш аз ин будаанд [низ сидқ мекунад]; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора дақиқ ва ҳисобшуда аст
33:39 [ҳамон] касоне, ки паёмҳои Аллоҳро [ба мардум] мерасонанд ва танҳо аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ таоло тарсе надоранд; ва Аллоҳ таоло барои ҳисобрасии [корҳои бандагонаш] кофӣ аст
33:40 Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо [аз ҷумла Зайд] нест; балки расули Аллоҳ таоло ва хотами паёмбарон аст; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба ҳар чизе доност
33:41 Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро бисёр ёд кунед
33:42 Ва бомдод ва шомгоҳ Ӯро ба покӣ биситоед
33:43 Ӯст, ки бар шумо дуруд [ва раҳмат] мефиристад ва фариштагонаш [низ дуоятон мекунанд], то шуморо аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад ва [Аллоҳ таоло] ҳамвора нисбат ба муъминон меҳрубон аст