>

Маркази тарҷумаи Равод — 422

33:31 Ва ҳар яке аз шумо, ки пайваста фармонбардори Аллоҳ таоло ва Паёмбараш бошад ва коре шоиста кунад, подошашро ду баробар медиҳем ва барояш [дар биҳишт] рӯзии арзишманде фароҳам овардаем

33:32 Эй занони Паёмбар, агар парҳезкорӣ кунед, [дар бартарӣ ва шарофат] монанди ҳеҷ як аз занони [одӣ] нахоҳед буд; пас, ҳангоми сухан гуфтан [бо мардон] ноз ва нармиш ба кор набаред, то [мабодо] он ки дар дилаш беморӣ аст, [дар шумо] тамаъ кунад ва ба шеваи шоиста сухан бигӯед

33:33 Ва дар хонаҳоятон бимонед ва ҳамчун ҷилвагари [-и занон дар даврони] ҷоҳилияти пешин, ҷилвагарӣ [ва худнамоӣ] накунед ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли хона [паёмбар], ҷуз ин нест Аллоҳ таоло мехоҳад палидӣ [ва озори бегонагон]-ро аз шумо дур намояд ва комилан покатон гардонад

33:34 Ва ҳар он чиро, ки аз оёти илоҳӣ ва суннати Паёмбар дар хонаҳоятон хонда мешавад, ба ёд дошта бошед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора борикбини огоҳ аст

33:35 Аллоҳ таоло барои мардони мусулмон ва занони мусулмон ва мардони муъмин ва занони муъмин ва мардони фармонбардор ва занони фармонбардор ва мардони ростгӯ ва занони ростгӯ ва мардони шикебо ва занони шикебо ва мардони фурӯтан ва занони фурӯтан ва мардони инфоқгар ва занони инфоқгар ва мардони рӯзадор ва занони рӯзадор ва мардони покдоман ва занони покдоман ва мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам намудааст