>

Маркази тарҷумаи Равод — 421

33:23 Аз миёни муъминон мардоне ҳастанд ба аҳд ва паймоне, ки бо Аллоҳ таоло баста буданд, [содиқона] вафо карданд; бархе аз онон то охир бар аҳд ва паймони худ истоданд [ ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд] ва бархе дигар ҳануз чашминтизор [шаҳодат] ҳастанд ва ҳаргиз [паймони худро] дигаргун насохтаанд

33:24 [Ин рӯйдодҳо пеш меояд] то Аллоҳ таоло ростгӯёнро ба [поси поймардӣ ва] ростгӯияшон подош диҳад ва мунофиқонро – агар бихоҳад – азоб кунад ё тавбаашонро бипазирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

33:25 Ва Аллоҳ таоло [сипоҳи ] касонеро, ки куфр варзида буданд бо [тамоми нокомӣ ва] хашмашон [аз ин ки] ба ҳеҷ ғанимате даст наёфта буданд, [аз атрофи Мадина] бозгардонд ва [пуштибонии] Аллоҳ таоло дар ҷанг, муъминонро кифоят кард; ва Аллоҳ таоло ҳамвора тавонову шикастнопазир аст

33:26 [Аллоҳ таоло] Гурӯҳе аз аҳли китоб [яҳудиёни Бани Қурайза]- ро, ки аз онон [мушрикон] пуштибонӣ карда буданд, аз қалъаҳояшон ба зер кашид ва дар дилҳояшон ваҳшат андохт; [чунон ки шумо] гурӯҳе [аз онон] –ро мекуштед ва гурӯҳеро ба асорат мегирифтед

33:27 Ва заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳо ва амволашон ва [ҳамчунин] сарзаминеро, ки ҳаргиз по ба он ҷо нагузошта будед [Хайбар], дар ихтиёратон ниҳод; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

33:28 Эй Паёмбар, ба ҳамсаронат [ки нафақаи бештаре мехоҳанд] бигӯ: « Агар зиндагии дунё ва зинатҳояшро мехоҳед, биёед, то шуморо [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созам ва [бидуни ҳеҷ озоре] ба шоистагӣ раҳоятон кунам

33:29 Ва агар муштоқи Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва сарои охират ҳастед, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло барои некукоронатон подоши бузурге фароҳам кардаааст»

33:30 Эй занони Паёмбар, ҳар яке аз шумо, ки [гуноҳи] ношоисти ошкоре муртакиб шавад, азобаш дучандон мегардад; ва ин [кор] ҳамвора барои Аллоҳ таоло осон аст