Маркази тарҷумаи Равод — 420
33:16 [Эй Паёмбар, ба мунофиқон] бигӯ: « Агар аз марг ё кушта шудан фирор кунед, ҳаргиз суде ба ҳолатон надорад; ва дар он сурат низ [аз зиндагии дунё] ҷуз андаке баҳраманд намешавед»
33:17 Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло бароятон мусибат ё раҳмате хоста бошад, кист, ки шуморо дар баробари [иҷрои фармони] Ӯ ҳифз кунад?» ва онон барои хеш ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд
33:18 Аллоҳ таоло касонеро аз шумо, ки боздоранда [-и мардум аз ҷиҳод] ҳастанд ва ба бародаронашон мегӯянд: «Ба мо бипайвандед» ба хубӣ мешиносад. [Онон сустбоваранд] ва ҷуз андаке ба майдони ҷанг намеоянд
33:19 [Мунофиқон дар ҳама чиз] бар шумо бухл меварзанд; ва ҳангоме ки бим [ҷанг пеш] меояд, дар ҳоле ки чашмҳояшон [аз ваҳшат дар косахона] мечархад, ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг беҳуш шуда бошад, туро нигоҳ мекунанд; ва чун [буҳрон ва] тарс бартараф шуд, ба хотири ҳирс ва тамаъе, ки ба ғаноим доранд, бо забонҳои тунд ва нешдор шуморо меранҷонанд. Онон [ҳаргиз] имон наёвардаанд; пас, Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад ва ин [кор] ҳамвора бар Аллоҳ таоло осон аст
33:20 [Мунофиқон] мепиндоранд [ки лашкариён] аҳзоб [ҳануз аз атрофи Мадина] нарафтаанд; ва агар аҳзоб бозгарданд, [ин сустбоварон] орзу мекунанд, ки миёни бодиянишинон [пинҳон] бошанд [ва аз ҳамон ҷо] ахбори [даргирии] шуморо ҷӯё шаванд; ва [ҳатто] агар байни [сипоҳи] шумо буданд, ҷуз андаке намеҷангиданд
33:21 Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад
33:22 Ва чун муъминон [лашкари] аҳзобро диданд, гуфтанд: «Ин [имтиҳони илоҳӣ ва пирӯзии ниҳоияш] ҳамон чизе аст, ки Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва [бар ҳақ ] Аллоҳ таоло ва Паёмбараш рост гуфтанд» ва [мушоҳидаи анбӯҳи душман] ҷуз бар имон ва таслимашон [дар муқобили Парвардигор] наяфзуд