>

Маркази тарҷумаи Равод — 419

33:7 Ва [эй Паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки аз паёмбарон паймон [яктопарастӣ ва нубувват] гирифтем ва [ба вижа] аз ту ва Нуҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо- писари Марям; ва аз ҳамаи онон паймони маҳкаме [дар бораи таблиғи дин] гирифтем

33:8 [Аллоҳ таоло чунин кард] то [бо кофирон итмоми ҳуҷҷат карда бошад ва] аз ростгӯён [паёмбарон] дар бораи ростиашон бипурсад ва барои кофирон азобе дарднок муҳайё кардааст

33:9 Эй касоне, ки имон овардаед, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред; он гоҳ ки сипоҳиёне [аз қабоили араб] ба сӯятон омаданд. Пас, Мо тундбоде [сахт] ва лашкаре [аз фариштагон] ки онҳоро намедидед, бар онон фиристодем [ва ба сахти шикасташон додем]; ва ҳамвора Аллоҳ таоло ба он чи мекунед биност

33:10 Вақте [дар ғазваи Хандақ] душманон аз боло ва поён [ва аз шарқ ва ғарби шаҳр] ба сӯятон омаданд [ва Мадинаро муҳосира карданд]; он гоҳ ки чашмҳо [ба фаровонии душман] хира гашта ва ҷонҳо [аз шиддат ва ваҳшат] ба гулугоҳ расида буд ва шумо ба Аллоҳ таоло гумонҳо [-и гуногун] мебурдед

33:11 Онҷо буд, ки муъминон озмоиш шуданд ва шадидан ба ваҳшат ва изтироб афтоданд

33:12 Ва [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шак ва тардид] буд, мегуфтанд: «Он чи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [дар бораи пирӯзӣ бар кофирон] ваъда додаанд, ҷуз фиребе беш нест»

33:13 Ва [низ] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон гуфтанд: «Эй аҳли Ясриб, инҷо ҷойи мондани шумо нест; пас, [ба хонаҳоятон] бозгардед»; ва бархе аз онон аз Паёмбар иҷозати [бозгашт] мехостанд ва мегуфтанд: «Хонаҳои мо бе ҳифзкунанда аст»; дар ҳоле ки бе ҳифзкунанда набуд. Онон чизе ҷуз фирор [аз ҷиҳод] намехостанд

33:14 Агар [лашкари душманон] аз атрофи он [шаҳр] бар онон ворид мешуданд [ва хонаҳояшонро муҳосира мекарданд] ва аз онон хоста мешуд, ба куфр ва ширк бозгарданд, ҳатман чунин [тааҳҳуде ба душман] доданд ва ҷуз теъдоде андак [дар баробари ин дархост] муқовимат намекарданд

33:15 Ва пеш аз ин [вақте ҳамин мунофиқон дар ҷанги Уҳуд аз муқобили кофирон гурехтанд] бо Аллоҳ таоло паймон бастанд, ки [ҳаргиз ба душман] пушт накунанд [ва аз майдон нагурезанд]; ва ҳамвора паймони илоҳӣ бозхост дорад