>

Маркази тарҷумаи Равод — 418

33:1 Эй Паёмбар, аз Аллоҳ таоло парво кун ва аз кофирон ва мунофиқон итоат накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст

33:2 Ва аз он чи аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад пайравӣ кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чи мекунед, огоҳ аст

33:3 Ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун ва ҳамин басанда аст, ки Аллоҳ таоло корсози ту бошад

33:4 Аллоҳ таоло даруни ҳеҷ марде ду қалб барояш наниҳодааст ва [ба ҳамин сурат] ҳаргиз ҳамсаронатонро ки мавриди зиҳор [ва таҳрими ҷинсӣ] қарор медиҳед, [ҳамчун] модаронатон нагардондааст; ва [ҳамчунин] писархондаҳоятонро писаронатон насохтааст. Ин сухани [нодуруст] аст, ки бар забон меоваред ва Аллоҳ таоло ҳақро мегӯяд ва Ӯст, ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад

33:5 Онон [писархондаҳо]-ро ба падаронашон нисбат диҳед, [ки] назди Аллоҳ таоло одилонатар аст. Агар падаронашонро намешиносед, пас, онҳо бародарони динӣ ва бардагони озодшуда [ва дар ҳукми дӯстони] шумо ҳастанд. Дар мавриди он чи [қаблан] иштибоҳ кардаед, гуноҳе бар шумо нест; вале он чи дилҳоятон қасди онро дорад [ва амдан бар забон меоваред, гуноҳ аст; пас, агар тавба кунед] ҳамвора Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

33:6 Паёмбар [дар тамоми умур] нисбат ба муъминон, аз худашон сазовортар аст [ва назар ва хосташ авлавият дорад] ва ҳамсарони ӯ [аз лиҳози ҳурмати издивоҷ дар ҳукм] модаронашон ҳастанд; ва дар китоби Аллоҳ таоло, хешовандон [дар ирс бурдан аз якдигар] нисбат ба муъмином ва муҳоҷирон авлавият доранд [ва милоки ирс, хешовандӣ аст на имон]; магар ин ки [бихоҳед] ба дӯстонатон некӣ кунед [ва бахше аз амволатонро ба эшон бидиҳед]. Ин [ҳукм] дар он китоб [Лавҳи маҳфуз] навишта шудааст