Маркази тарҷумаи Равод — 417
32:21 Яқинан пеш аз азоби бузурги [охират] аз азоби наздик [ва сахтиҳои ин дунё] ба онон мечашонем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ] бозгарданд
32:22 Кист ситамгортар аз он ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд дода мешавад, сипас аз он рӯй мегардонад? Бе тардид, Мо аз гунаҳгорон интиқом мегирем
32:23 Мо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем – пас, [эй паёмбар] аз дидори Ӯ дар тардид набош – ва онро раҳнамуди Бани Исроил гардонидем
32:24 ва чун онон [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] шикебоӣ мекарданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, аз миёнашон пешвоёне баргумоштем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд
32:25 Мусалламан, Парвардигори туст, ки рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ мекунад
32:26 Оё барояшон равшан нашудааст, ки чи бисёр наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин кофирон] дар хонаҳои онҳо роҳ мераванд? Ба ростӣ, ки дар ин [азобу нобудӣ] ибратҳост. Оё [боз ҳам сухани ҳақро] намешунаванд?
32:27 Оё надиданд, ки Мо боронро ба сӯйи замини хушк [ва бегиёҳ] мефиристем ва ба василаи он киштзоре падид меоварем, ки худ ва чаҳорпоёнашон аз он мехӯранд? Оё [нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло бар растохезро] намебинанд?
32:28 Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин доварӣ [миёни мо ва шумо] кай фаро мерасад»?
32:29 Бигӯ: «Дар рӯзи доварӣ [ки ҷудоии ҳақ ва ботил аст] имон овардани касоне, ки куфр варзиданд, суде надорад ва ба онон муҳлат [-и тавба] дода намешавад»
32:30 Пас, [эй Паёмбар, акнун ки бар ширк пофишорӣ мекунанд] аз эшон рӯй бигардон ва мунтазири [азобашон] бош [ки] бе тардид, онон [низ] мунтазиранд