>

Маркази тарҷумаи Равод — 415

32:1 Алиф, лом, мим.[1]

32:2 Нузули ин китоб, ки дар [ҳаққонияти] он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст

32:3 [Кофирон] Мегӯянд: «[Муҳаммад] Онро ба дурӯғ [ба Парвардигораш] нисбат медиҳад». [Ҳаргиз чунин нест] Балки он [оёт сухани] ҳаққе аз ҷониби Парвардигори туст, то ба қавме, ки пеш аз ту барояшон [ҳеҷ] бимдиҳандае наомадааст, ҳушдор диҳӣ, бошад, ки ҳидоят шаванд

32:4 Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офарид, он гоҳ, [ки шоистаи шукӯҳи Ӯст] бар Арш қарор гирифт. Шумо ба ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу шафоатгаре надоред. Оё панд намегиред?

32:5 Кор [-и ҷаҳони ҳастӣ]-ро аз осмон то замин тадбир мекунад. Он гоҳ дар рӯзе, ки миқдори он барои шумо [инсонҳо] ҳазор сол аст, [ин корҳо] ба сӯи Ӯ боло меравад

32:6 Ин [Парвардигори шумост] донои пинҳону ошкор, шикастнопазири меҳрубон

32:7 [Ҳамон] Касе, ки ҳар чи офарид, ба накутарин [шакл] офарид ва офариниши [нахустини] инсонро аз гил оғоз кард

32:8 Сипас насли ӯро аз чакидаи оби беарзиш падид овард

32:9 Он гоҳ [андоми] ӯро сомон дод ва аз руҳи хеш [руҳе, ки худ офарид] дар вай дамид ва барои шумо [неъмати] гӯшу чашм ва дил қарор дод. Чи андак сипос мегузоред!

32:10 [Мушрикон] Мегӯянд: «Оё вақте [мурдем ва] дар замин нопадид шудем, офариниши ҷадиде хоҳем ёфт»? Балки онон дидори Парвардигорашонро мункиранд

32:11 [Эй паёмбар] бигӯ: «Фариштаи марг, ки бар шумо гумошта шудааст, ҷонатонро мегирад, он гоҳ ба сӯйи Парвардигоратон бозгардонда мешавед»