Маркази тарҷумаи Равод — 413
31:20 [Эй мардум] Оё надидаед, ки Аллоҳ таоло он чиро дар осмонҳо ва замин аст, ба хидмататон гумошта ва [бахшиши] неъматҳои ошкор ва пинҳони хешро бар шумо тамом кард? [Бо ин ҳол] Аз мардум касе ҳаст, ки бидуни ҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшангаре дар [мавриди] Аллоҳ таоло муҷодала мекунад
31:21 Ва ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, пайравӣ кунед». Мегӯянд: «[На] Балки аз чизе пайравӣ мекунем, ки падаронамонро бар он ёфтем». Оё агар шайтон ононро ба сӯйи азоби [оташи] сӯзон даъват кунад [боз ҳам аз падаронашон пайравӣ мекунанд]?
31:22 Ҳар ки [холисона] ба Аллоҳ таоло рӯ оварад ва накукор бошад, ба ростӣ, ки ба дастовези муҳкаме чанг задааст ва саранҷоми корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст
31:23 Ҳар ки куфр варзад, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашти онон ба сӯи Мост, он гоҳ аз он чи кардаанд, огоҳашон месозем. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз [рози] дилҳо огоҳ аст
31:24 Онон [кофирон]-ро андаке [аз неъматҳои дунё] баҳраманд месозем, он гоҳ ба таҳаммули азобе сахт дучорашон мекунем
31:25 Ва агар аз мушрикон бипурсӣ: Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст?», қатъан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: Сипос [-у ситоиш] махсуси Аллоҳ таоло аст [ки шуморо аз ин ҳақиқат огоҳ намуд]», балки бештарашон намедонанд
31:26 Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст
31:27 Агар [ҳамаи] дарахтони рӯи замин қалам шавад ва дарё [ранг гардад] ва ҳафт дарёи дигар ба ёриашон биёяд [то дониши илоҳиро бинависанд], суханони Аллоҳ таоло поён намеёбад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
31:28 [Эй мардум] Офариниш ва барангехтани шумо [дар қиёмат] ҳамчун як нафар беш нест. Бе тардид, Аллоҳ таоло шунавову биност