Маркази тарҷумаи Равод — 412
31:12 Ба ростӣ, Мо ба Луқмон дониш [-и фаҳми дин ва тадбири зиндагӣ] бахшидем [ва ба ӯ гуфтем], ки: Шукри Аллоҳро ба ҷой овар, пас, ҳар ки шукр кунад, танҳо ба суди хеш шукргузоранда аст ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
31:13 Ва [ёд кун аз] он гоҳ ки Луқмон ба писараш [чунин] панд медод: «Писарам, ба Аллоҳ таоло ширк наовар [ва чизеро ҳамтояш қарор мадеҳ, чаро ки] яқинан, ширк ситами бузургест»
31:14 Мо инсонро [дар бораи накуӣ] ба падару модараш супориш кардем, [аз он рӯ, ки] модараш ӯро бо нотавонии рӯзафзун бордор шуд ва [даврони ширхорагӣ ва] бозгирифтанаш аз шир ду сол тӯл мекашад. [Ба ӯ гуфтем] Ки: «шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, [ки] бозгашт [ҳама] ба сӯйи Ман аст
31:15 Ва агар он ду [мушрик бошанд ва] талош кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки нисбат ба он донише надорӣ, пас, аз он ду итоат накун ва дар дунё бо эшон ба шоистагӣ [ва накуӣ] рафтор кун ва аз роҳи касе пайравӣ кун, ки [муваҳҳидона] ба сӯйи Ман бозомадааст. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ман аст ва аз он чи мекардед, огоҳатон мекунам
31:16 [Луқмон гуфт] «Писарам, агар [амали нек ё бад] ҳамсанги донаи хардал бошад ва даруни тахтасанге ё дар [гӯшае аз] осмонҳо ё дар замин [нуҳуфта] бошад, Аллоҳ таоло онро [рӯзи қиёмат ба ҳисоб] меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло борикбини огоҳ аст
31:17 Писарам, намоз барпо дор ва [мардумро] ба некӣ фармон бидеҳ ва аз нописанд боздор ва бар он чи [ки аз сахтиҳои ин кор] ба ту мерасад, шикебо бош. Бе тардид, ин аз [ҷумлаи корҳоест, ки ниёзманди иродаи қавӣ ва] азми устувор аст
31:18 Ва [бо беэътиноӣ] аз мардум рӯй нагардон ва мағрурона дар замин роҳ нарав. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббиру фахрфурӯшеро дӯст намедорад
31:19 Ва [дар манишу рафторат] миёнарав бош ва ба оромӣ сухан бигӯ [на бо садои баланд, чаро ки] ҳатман, зишттарин садо садои харон аст