>

Маркази тарҷумаи Равод — 411

31:1 Алиф, лом, мим.[1]

31:2 Ин оёти китоби ҳаким аст

31:3 [Ки] Ҳидоят ва раҳмате барои накукорон аст

31:4 Касоне, ки намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва ба охират яқин доранд

31:5 Онон аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидояте бархурдоранд ва ононанд, ки растагоранд

31:6 Ва аз мардум касе ҳаст, ки дар пайи сухани ёва аст, то [дигаронро] аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ созад ва он [оёти равшангар]-ро ба тамасхур мегирад. Онон [ки рафторашон чунин аст], азоби хоркунанда [дар пеш] доранд

31:7 Ва ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда мешавад, мутакаббирона рӯй мегардонад, гӯё онро нашнида [ва] гӯё дар гӯшҳояш сангинӣ аст. Пас, ӯро ба азобе дарднок башорат деҳ

31:8 Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, боғҳои пурнеъмати [биҳишт] барои эшон аст

31:9 Дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи Аллоҳ таоло рост аст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

31:10 Чунон ки мебинед, [Аллоҳ таоло] осмонҳоро бидуни сутун офарид ва дар замин кӯҳҳои устувор [-у муҳкаме] пайафканад, то [замини] шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он пароканда сохт ва аз осмон обе фиристодем ва аз ҳар [гиёҳ]-и судманде дар он рӯёндем

31:11 Ин офариниши Аллоҳ таоло аст. Инак [эй мушрикон] ба ман нишон диҳед, ки касоне, ки ғайр аз Ӯ ҳастанд [ва шумо мепарастедашон] чи офаридаанд? Балки ситамгорон [мушрикон] дар гумроҳии ошкоранд