Маркази тарҷумаи Равод — 410
30:51 Агар бод [-и сӯзон]-е бифиристем ва он [киштзорҳояшон]-ро зард [-у пажмурда] бубинанд, ҳатман, аз он пас носипосӣ мекунанд
30:52 Пас, [эй Паёмбар] ту ҳаргиз наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва овои даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд
30:53 Ва ту роҳнамои кӯрдилон аз гумроҳияшон нестӣ. Ту танҳо [сухани ҳақро] ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари фармони Аллоҳ таоло] таслиманд
30:54 Аллоҳ таоло аст, ки шуморо аз [оби] беарзише офарид, сипас баъд аз нотавонӣ [даврони хурдсолӣ] нерумандӣ бахшид, он гоҳ пас аз нерумандӣ заъфу куҳансолӣ падид овард. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност
30:55 Ва рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон савганд ёд мекунанд, ки ҷуз соате [дар гӯр] диранг накардаанд. Онон [дар дунё низ] ин гуна ба инҳироф кашида мешуданд
30:56 Ва касоне, ки ба онон дониш ва имон дода шудааст, [ба гунаҳгорон] мегӯянд: «Бе тардид, шумо [бар асоси он чи] дар китоби Аллоҳ таоло [муқаддар будааст], то рӯзи растохез диранг кардаед. Пас, ин рӯзи растохез аст, аммо шумо намедонистед [ва инкораш мекардед]»
30:57 Дар он рӯз узрхоҳии касоне, ки ситам кардаанд, суде надорад ва аз онон дархости пузиш намешавад
30:58 Ба ростӣ, ки дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар гуна масале овардем ва агар нишонае [дар мавриди ростгӯият] барояшон биёварӣ, касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Шумо ботиландешоне беш нестед»
30:59 Аллоҳ таоло бар дилҳои касоне, ки [сухани ҳақро] намефаҳманд, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад
30:60 [Эй паёмбар, бар озору такзиби мушрикон] Шикебо бош, [ки] ҳатман, ваъда [-и ёрӣ]-и Аллоҳ таоло ҳақ аст ва мабодо касоне, ки [ба растохез] бовар надоранд, туро аз шикебоӣ боздоранд