>

Маркази тарҷумаи Равод — 409

30:42 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед, то бубинед саранҷоми касоне, ки пеш аз шумо буданд, чи гуна будааст. Бештари онон мушрик буданд [ва ба ҳамин сабаб ҳалок шуданд]»

30:43 Пас, ба сӯйи дини мустақим [ва пойдор] рӯй овар, пеш аз он ки рӯзе аз ҷониби Аллоҳ таоло фаро расад, ки бозгаште надорад. Дар он рӯз [мардум] пароканда мешаванд [гурӯҳе ба биҳишт мераванд ва гурӯҳе ба дузах]

30:44 Ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни [худи] ӯст ва ҳар ки коре шоиста анҷом диҳад, [биҳиштро] барои худ омода месозад

30:45 То [Аллоҳ таоло] касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз фазли худ подош диҳад. Бе тардид, Ӯ кофиронро дӯст намедорад

30:46 Аз нишонаҳои [қудрати] Ӯ ин аст, ки бодҳои башоратбахшро [бо муждаи борон] мефиристад, то аз раҳмати хеш ба шумо бичашонад ва киштиҳо ба фармонаш равон шаванд, то аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред

30:47 Ва дар ҳақиқат, пеш аз ту [низ]паёмбаронеро ба сӯйи қавмашон фиристодем ва онон ба далоили равшан наздашон омаданд [вале онҳоро дурӯғ ангоштанд]. Сипас аз онон, ки муртакиби гуноҳ шуда буданд, интиқом гирифтем [ва муъминонро наҷот додем] ва ёрӣ додани [муъминон [ҳаққе] бар уҳдаи Мо буд

30:48 Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ тудаи] абреро ба ҳаракат дармеоваранд ва [Аллоҳ таоло] онҳоро чунон ки мехоҳад дар [паҳнои] осмон мегустаронад ва ба сурати пораҳое дармеоварад ва боронро мебинӣ, ки аз миёни он [абрҳо] берун меояд ва чун [Парвардигори меҳрубон] ин [борони ҳаётбахш]-ро ба ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад фурӯ борад, он гоҳ аст, ки шодмон мешаванд

30:49 Ва ҳатман, пеш аз он ки бар эшон биборад. [Оре] Пеш аз он ноумед буданд

30:50 Пас, ба осори раҳмати илоҳӣ бингар, ки чи гуна заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда мекунад. Ба ростӣ, Ӯст, ки яқинан зиндагибахши мурдагон аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност