>

Маркази тарҷумаи Равод — 408

30:33 Ҳангоме ки ба мардум [ранҷу] зиёне бирасад, зорикунон Парвардигорашонро мехонанд, сипас чун [Аллоҳ таоло] раҳмате аз ҷониби хеш ба онон бичашонад [ва гиреҳ аз корашон бикшояд], он гоҳ гурӯҳе аз онон ба Парвардигорашон ширк меоваранд

30:34 То ба он чи ки ба онон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [аз лаззатҳои дунявӣ] баҳра бигиред, ки ба зудӣ [натиҷаи кирдоратонро] хоҳед донист

30:35 Оё [дар китобҳои осмонӣ] далели муҳкаме бар онон нозил кардаем, ки аз [дурустии] он чи ба Ӯ [Аллоҳ таоло] ширк варзиданд, сухан мегӯяд [ва ин корро таъйид мекунад]?

30:36 Вақте раҳмате ба мардум бичашонем, аз он хушнуд мегарданд ва агар ба сазои корҳое, ки мекарданд, ранҷу мусибате ба эшон бирасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд

30:37 Оё надиданд, ки Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад? Бе гумон, дар ин [кушоишу сахтӣ] барои муъминон нишонаҳое [аз лутфу раҳмати Парвардигор] аст

30:38 Пас, ҳаққи [силаи раҳими] хешованд ва [садақа ва закоти] мустаманду дармондаро адо кун. Ин [кор] барои касоне, ки [хушнудии] Аллоҳро металабанд, беҳтар аст ва ононанд, ки растагоранд

30:39 Он чи аз амвол [-и худ, ки ба қасд]-и рибо ба мардум медиҳед, то [бо пас гирифтани он ба мизони бештаре бар амволатон] афзун гардад, назди Аллоҳ таоло афзоиш намеёбад, ва[-ле] он чи барои хушнудии Аллоҳ таоло [ба унвони] закот мепардозед, [баракату афзоиш меёбад] ва [касоне, ки чунин мекунанд] инонанд, ки подошашон [назди Аллоҳ таоло] чанд баробар мегардад

30:40 Аллоҳ таоло аст, ки шуморо офарид ва рӯзӣ дод, он гоҳ шуморо мемиронад ва боз [дар қиёмат] зинда мекунад. Оё дар миёни шариконатон касе ҳаст, ки чизе аз ин [корҳо]-ро анҷом диҳад? Муназзаҳ аст Ӯ ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст

30:41 Ба сабаби гуноҳоне, ки мардум муртакиб шудаанд, фасод [-у табоҳӣ] дар хушкӣ ва дарё ошкор гаштааст, то [Аллоҳ таоло] ҷазои бархе аз аъмолашонро ба эшон бичашонад, бошад, ки [ба сӯйи ҳақ] бозгарданд