Маркази тарҷумаи Равод — 406
30:16 Ва аммо онон, ки куфр варзиданд ва оёти Мо ва дидорамон дар охиратро дурӯғ ангоштанд, инон эҳзоршудагон дар азобанд
30:17 Пас, Аллоҳро ба покӣ ситоиш кунед, он гоҳ ки ба шаб дармеоед ва он дам, ки ба субҳ мерасед
30:18 ва асргоҳон ва ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед ва ҳамду ситоиш дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст
30:19 Ӯ [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон [нутфа] падид меоварад ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда месозад ва [шумо низ рӯзи қиёмат] инчунин барангехта мешавед
30:20 Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас инсонҳое шудед [ки таваллуди мисл кардед ва дар замин] пароканда гаштед
30:21 Ва дар нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то дар канорашон ором гиред ва миёнатон муҳаббату меҳрубонӣ падид овард. Бе гумон, дар ин [неъмат] барои хирадварзон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
30:22 Ва аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва ихтилофи забонҳо ва рангҳои шумост. Бе тардид, дар ин [умур] барои донишварон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
30:23 Ва аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва талошатон барои баҳрагирӣ аз бахшиши Парвардигор [ва таъмини маош] аст. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки гӯши шунаво доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
30:24 Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки соиқаро барои биму умед нишонатон медиҳад ва аз осмон обе мефиристад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – бо он зинда месозад. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст