>

Маркази тарҷумаи Равод — 405

30:6 [Ин пирӯзӣ] Ваъдаи Аллоҳ таоло аст [ва] Аллоҳ таоло ҳаргиз аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад, вале бештари мардум намедонанд

30:7 Онон фақат зоҳире аз зиндагии дунёро медонанд ва аз охират ғофиланд

30:8 Оё бо худ намеандешанд, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва барои муддати муайяне наофаридааст? Бе тардид, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон [дар қиёматро] бовар надоранд

30:9 Оё [мушрикон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Онҳо бисёр нерумандтар аз инон буданд ва заминро [барои кишоварзӣ ва ободкорӣ] беш аз инон дигаргун сохтанд ва обод карданд ва паёмбаронашон бо далоили равшан ба суроғашон омаданд [аммо онон инкор карданд ва нобуд шуданд]. Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он набуд, ки ба эшон ситам кунад, балки онон худ ба хештан ситам мекарданд

30:10 Он гоҳ саранҷоми касоне, ки бадӣ карда буданд, бисёр бадтар шуд, чаро ки оёти Аллоҳро дурӯғ меангоштанд ва онҳоро ба тамасхур мегирифтанд

30:11 Аллоҳ таоло офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад, он гоҳ [дар қиёмат ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед

30:12 Рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд

30:13 [Дар он рӯз] Мушрикон аз байни маъбудони худ [ки мепарастиданд] ҳеҷ шафоатгаре нахоҳанд дошт ва нисбат ба маъбудонашон [ки онҳоро ҳамтои Аллоҳ таоло қарор дода буданд] куфр меварзанд

30:14 Рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, [мардум бар асоси корҳояшон] аз якдигар ҷудо мешаванд

30:15 Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар бӯстоне [аз биҳишт] шодмон мегарданд