>

Маркази тарҷумаи Равод — 404

29:64 Ва ин зиндагии дунё [чизе] ҷуз саргармӣ ва бозича нест ва бе тардид, сарои охират зиндагонӣ [-и ростин] аст. Агар [кофирон ин ҳақиқатро] медонистанд [ба дунё дилбаста намебуданд]

29:65 Вақте [мушрикон] дар киштӣ савор мешаванд, Аллоҳро бо ихлос мехонанд, аммо чун ононро ба хушкӣ мерасонад ва [аз хатари ғарқ шудан] мераҳонад, он гоҳ [боз ҳам] ширк меварзанд

29:66 [Чунин мекунанд] То нисбат ба неъматҳое, ки ба эшон додаем, носипосӣ кунанд ва [аз лаззатҳои зиндагии дунё] баҳраманд бошанд. Пас, ба зудӣ [саранҷоми дарднокашонро] хоҳанд донист

29:67 Оё надидаанд, дар ҳоле ки мардум перомунашон [гирифтори қатлу ғорат ҳастанд ва] мавриди дастбурд қарор мегиранд, Мо ҳарами амне [барои мардуми Макка] падид овардем? Оё [боз ҳам] ба [бутҳои] ботил имон меоваранд ва нисбат ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?

29:68 Ва кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё ҳақро – он гоҳ ба ӯ мерасад – дурӯғ меангорад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?

29:69 Касоне, ки дар роҳи [хушнудии] Мо мекӯшанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва бе тардид, Аллоҳ таоло бо накукорон аст

30:1 Алиф, лом, мим.[1]

30:2 Румиён [дар ҷанг бо Форс] шикаст хӯрданд

30:3 Дар наздиктарин сарзамин [марзи Шом бо Форс] ва онон пас аз шикасташон [дар набарди дигаре] пирӯз хоҳанд шуд

30:4 Дар чанд соли [оянда]. Чи қабл ва чи баъд ин [пирӯзӣ сарриштаи] кор дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст ва дар он рӯз муъминон шодмон мегарданд

30:5 [Ин шодӣ] ба хотири ёрӣ расонидани Аллоҳ таоло [ба аҳли китоб] аст ва Ӯ ҳар киро бихоҳад, ёрӣ мекунад ва Ӯ шикастнопазири меҳрубон аст